Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Маро мебўсию хонӣ ба такрор:
Дареғо, бўсаҳои норабуда,
Дили мо мазраи шабобахоҳест,
Дареғо, киштаҳои нодуруда.

Ки моро навҷудоӣ интизор аст,
Ки вақти ваъдагӣ дигар напоем,
Пас аз ин бар канори ҳамдигар мо
Фақат дар хобҳои шаб дароем.

Намехоҳам, бигўӣ, дуриятро,
Вале ҳайфо, туро ман дер дидам,
Дарахти шаҳтутӣ, аммо басандаст,
Ки таъми бодрези ту чашидам.

Ту мегўӣ: “раву ёре дигар ёб,
Ки ҳамоғўшиям дигар наёбӣ,
Ҷавоне мешавад ҳамроз бо ман,
Ки дар чашмам на кам аз ў битобӣ”.

ФАҚАТ БАР ЁД МЕОРАМ

Ҷаҳони тифлиям будӣ
Сари сангу бари санге,
Лаби сарчашмаи кўҳӣ,
Қади пайроҳаи танге.

Зи байни резаҳои санг
Ҳамеҷустам гули хайрӣ,
Гаҳе кокутиву хурёк,
Гаҳе ревоҷи тагрезӣ.

Ба рўи рўди кўҳ аз санг
Пуле бинмудаам барпо,
Ба рўи теғаҳо аз санг
Бино кардам “кремилҳо”.
Ҳамеафзуд шодиям
Зи ҳар як санги садпора,
Зи ҳар як санги чахмоқӣ,
Зи санги суфтаи хора.

Ба дўши тахтасанг аммо
Дигар худро намебинам,
Ба зини аспи сангинам
Кунун дар хоб биншинам.

Дигар аз косаи харсанг
Нанўшам оби бороне,
Ба оташдони сангинам
Набинам оташе, ноне.

Дигар бар тахтасанги лайс
Намехусбам, намешинам,
Зи ғови санги афсурда
Гули хушбў намечинам.

Фақат бар ёд меорам
Замони беғамиямро,
Ҷаҳони бекамиямро,
Авони баччагиямро.

Ки ман чун чўҷаи шаҳбоз
Парончак аз бари сангам,
Ба эҳсоси замон анбоз
Чу як кабки сари сангам.

Мисоли сангҳо акнун
Шарарҳое ба дил дорам,
Чу шахҳои сари теға
Сарафрозу бақодорам.

пешина
аз 264
навбатӣ