КИТОБИ ОРЗУҲО

меларзиданд, аз ин рӯ корд аз дасташ чандин бор афтод. Рухсораҳояш сӯзиши сахт доштанд, чунки ҳамсоязан рӯяшро зиёд харошида буд.
Сараш аз зарбаҳои хурдааш дард мекард. Аммо ин ҳама дардҳои ҷисмияш дар назди дарди рӯҳие, ки мекашид, ҳеҷ буданд. Охир, осон набуд ин қадар таҳқири беасосро шунидан, боз аламовараш дар пеши ин қадар мардуми бисёр. Барои кадом гуноҳаш? Беихтиёр саҳифҳоаи зиндагияш мисли навори филм пеши назараш омаданд.
Баъд аз хатми мактаби миёна зиёд хоҳиши идомаи таҳсил дошт. Лекин пайвандон ба ин орзуяш хатти бутлон кашида, аз ӯ хостанд, ки бо як «обрӯи муҳаммадӣ» шавҳар кунад. Як-ду хостгорро бо ҳар баҳонае рад кард, вале хостгори навбатиро пазируфтанд.
Ҳарчанд духтар зиддияти сахт нишон дод, аммо корагари ҳолаш нашуд. Домодшаванда аз хонаводаи сарватманде буд. Ин фурсатро аз даст додан нахоста, волидайнаш баръакси майли Саодат ризоят доданд. Арӯсии бошукӯҳе барпо гашт. Вале зиндагии навхонадорон аз рӯзи аввал ширин оғоз нашуд. Ба қавли мардум «ситораҳояшон бо ҳам мувофиқ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё