КИТОБИ ОРЗУҲО

наомад». Агар ҳақиқаташро бигӯем, Саодат бо
вуҷуди ин, ки бо ин издивоҷ мухолиф буд, аммо баъд аз баргузории тӯй ба тақдираш тан
дода, ба шавҳараш меҳр баст. Дар охири кор
ҳамсарашро дӯст ҳам дошт. Охир Ҷамшед
марди чашм кушода дидааш буд. Марди
ҳаёташ буд. Лекин ин ҳиссиётҳои меҳру
муҳаббат гӯё ба Ҷамшед бегона буданд. Ӯ пеш
аз издивоҷ бо Саодат духтареро дӯст медошт,
аз самими қалб дӯст медошт. Духтар ҳам
дӯсташ медошт. Танҳо дар ин байн волидони
Ҷамшед мухолиф буданд ба интихоби фарзандашон. Фикрашон ин буд, ки духтари
таҳсилкарда ва нозпарварди хонадон наметавонад иззату эҳтиромашонро ба таври бояду
шояд ба ҷо биёрад. Аз ин рӯ баръакси хоҳиши
писарашон Саодатро интихоб карданд. Ва писар ҳам барқасди хонаводаашон келини овардаашонро ҳеҷ рӯи хуш намедод ва дӯст ҳам надошт. Дар ин муддат соҳиби ду фарзанд ҳам
гаштанд, вале яхи дили Ҷамшед ҳеҷ об нашуд,
ки нашуд. На Саодатро дӯст дошту на фарзандонашро. Билохира, бинои зиндагияшон баъд
аз шаш соли зиндагӣ аз ҳам пошид. Шавҳар
Саодатро бо ду фарзандаш оварда, дар хонаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё