КИТОБИ ОРЗУҲО

– Хай, кӯдакай апа, ҳолӣ беақлай, намекунад, ки ман биёям ва бозичаи бачата бигирам?!
– Эй бева, мара насиҳат накун, ту ин қадар, ки боақл мешудӣ ҳозир дар хонаи шӯят мегаштӣ, оварда мисли як чизи нодаркор дар хонаи отат партофта намерафтанд. Сағираи хуб ҳам бояд дар хонаи оташ каттагӣ кунад.
Ҳамсоязан бо тамоми овоз ҳарф мезад ва пас аз лаҳзае гирду атрофашон аз мардуми ҳангоматалаб пур шуд. Очаи Лайлӣ аз ин тавр ранг гирифтани кор хеле хурсанд гашта аз ҳама ҳунару малакааш истифода мебурд. Барои боз ҳам сарафканда кардани Саодат талоши зиёд мекард. Баъд аз як-ду ҷавоби Саодат оташи ғазаби ҳамсоязан баланд шуда ба ҳуҷум гузашт. Аз мӯяш дошта Саодатро ба замин афканд ва хуб мушту лагадборонаш кард. Чунон ҳаракатҳояш чобукона буданд, ки то мардум давида ба ёрии Саодат расиданд, хеле зарбу латаш кард. Бо азобе аз чанголи пурқуввати ҳамсоязан халосаш карданд.
Баробари ба хона расидан Саодат дасту рӯяшро шуста, худашро ба тартиб даровард.
Хост ба омодасозии хӯрокаш идома диҳад, вале ҳеҷ дасташ ба кор пеш намерафт. Дастонаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё