Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

лифт дараке набуд. Садояш меомад, ӯ ҳаракат мекард, вале ба ошёнаи якум намерасид. Аз ошёнаи дуюму сеюм гашта, боло мерафт. Дигар тамоман аз ҳол рафтам. Қуввати дар поям рост истодан надоштам. Ба девор такя задам, чунки сарам ба чарх задан даромаду пеши чашмонамро сиёҳӣ пахш кард. Гӯшҳоям фашшас овоз медоду дасту поям меларзид. Аз по афтоданам аниқ буд. Чашмонамро пӯшида, мунтазир будам. Лаҳзашуморӣ мекардам.Оҳ, чӣ қадар сахт буд интизорӣ.
Ин дам садое ба гӯшам расид, нафаҳмидам кӣ буду чӣ гуфт. Чашмонамро кушода, ба атрофам нигаристам. Ҳамон духтаракеро дидам, ки дами дар меистод. Дарунтари даромадгоҳ омада буду чизе ба ман мегуфт.
Суоломез ба сӯяш нигоҳ кардам, яъне:
– Чӣ мегӯӣ? Ӯ пештар омада, бо овози баланди шунаво гуфт:
– Дар лифт одам аст, интизор нашавед. Ӯ бисёр ҷиддӣ ва қотеъона ҳарф зад. Ман ҳайрон мондам, чӣ ҷавобаш бидиҳам, фақат ҳамин қадар садо аз ман баромад:

пешина
аз 95
навбатӣ