Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо як азоб худамро ба маркази омӯзишӣ расондам. Хушбахтона, сари вақт расидаму пеш аз муаллим вориди дарсхона шудам, аммо бадбахтона, аз дарс чизе бӯ набурдам.
Ҳолам хуб набуд, лаҳза ба лаҳза бадтар мешуду нишастан бароям мушкилтар. Дарс, бе он ки лаззату баҳрае аз он бибарам, ба анҷом расиду ман ҷониби хона раҳсипор гаштам. Зимни рафтан ба хона тасаввур мекардам, ки чӣ гуна ба назди биноямон мерасам. Зуд ба лифт савор мешавам. Ба хона даромадан замон шикамсерӣ об сард нӯшида, худамро ба бистари нарм мепартоям. Аз барои он ки бемадорию беҳолиям аз як тараф, гармии тоқатфарсои тобистон аз тарафи дигар, корашонро карданд. Аз нақлиёт пиёда шудам. Тамоми қувватамро ҷамъ карда, қариб давон-давон худамро ба даромадгоҳ расондам. Ҳангоми вориди бино шудан духтаракеро дидам, ки дами дар меистод, вале ман ба ӯ тавваҷӯҳе накардам.
Аз наздаш гузашта, ба дари лифт расидаму тугмаи онро бесаброна зер кардан гирифтам.
Ҳар қадар зер кардаму интизорӣ кашидам, аз

пешина
аз 95
навбатӣ