Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

сонияе ба тафаккур фурӯ равем. Бияндешем, ки оё меарзад барои як лаҳзаи кӯтоҳи асабоният наздиконамонро, дилу ҷонамонро ба гирдоби ғаму кулфату мушкилот гирифтор намоем? Албатта не! Бояд барояшон аз даргоҳи Илоҳӣ танҳо неъматҳо ва оромишро биталабем! Дуо кунем, ки Худованд дар паноҳаш нигаҳашон дорад. Чунон, ки Расуллулоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мефармоянд: «Бе ҳеҷ шакке дар зоти олии Худованд сифати ҳаё зиёд аст ва бисёр зиёд атокунанда аст. Вақте инсон дастҳои ниёзи худро назди Парвардгор баланд мекунад, Аллоҳи бузург аз холию номурод баргардонидани дастҳои ӯ ҳаё мекунад, аз ин рӯ ҳатман ато мефармоянд». Ва итминон дошта бошем, ки дуои мо ҳатман ба даргоҳаш қабул мегардад.

«Свидания» дар лифт

Баъд аз танафуси дуҳафтаӣ, ки бемории бистарӣ будам, дубора хостам ба дарсҳоям ҳусни оғоз бахшам. Ҳарчанд саломатиям чандон ба ҷо наомада буду мадору қуввати кофӣ надоштам. Шавҳарам ҳам изҳори нигаронӣ кард, ки як ду рӯзи дигар бистари бемориро таҳаммул кунам, то ҳолам беҳтар шаваду ба тамом ба худ биёям, вале гуфтам:
– Бибахш, дигар наметавонам дар хона бимонам, аз дарсҳо хеле ақиб мондаам, бояд биравам.

пешина
аз 95
навбатӣ