КИТОБИ ОРЗУҲО

– Одам дар лифт ним соат чӣ кор мекунад?
– Хайр, як кор мекунанд – да, ба шумо чӣ?
– Наход ин қадар роҳашон дарозу тӯлонӣ бошад?
– Эҳе, роҳи онҳо нав сар шуду ҳоло хеле давом дорад!
– Яъне, чӣ нафаҳмидам?
– Эъ, наход то ин дараҷа кундзеҳн бошед?
Ё бисёр доноед, ё бисёр нодон. Дар лифт «свидания» рафта истодааст.
– Магар лифт ҷои «свидания « аст?
Вале дигар ҷавобе нашунидам. Намедонам, чӣ қадар вақти дигар мунтазир будам.
Ногоҳ эҳсос кардам, ҳолатам тағйир кард. Дигар худамро идора карда наметавонистам.
Пойҳоям мадори маро бардоштан накарданд.
Оҳиста-оҳиста ба танаи девор ғеҷида, поин шудаму чорзону нишастам. Аз дарди зиёд, хаёлам сарам метаркиду бо ҳарду дастонам онро фишор додан гирифтам. Ин дам садои духтаракро шунидам, ки мегуфт:
– Апа, ба шумо чӣ шуд? Касал шудед?
Чун ҷавобе нашунид, наздам чорзону нишаст.
Дастамро ба дасташ гирифта, молида, боз пурсид:
– Апа маззатон нест?
Бо ишораи тасдиқ сар ҷунбондам. Ӯ чанд лаҳзаи аввал ҳайрон монд, ки чӣ кор кунад.
Аммо баъд гӯё чизе ба хотираш расида бошад, боз саволам дод:
– Апа, аз ҳамин биноед? Дар ин ҷо зиндагӣ мекунӣ?
– Бале.
Духтарак зуд телефонашро бароварда, ба ҳамроҳонаш, яъне, онҳое, ки лифтро банд карда буданд, занг зада гуфт:
– Зуд лифтро озод кунед! Инҷо як касро ҳолаш бад шудааст, бо зинаҳо наметавонад боло равад, бояд бо лифт боло барояд.
Ӯ гуфтугӯро ба охир расонда, гӯшияшро дар кифаш гузошт. Пешам омад. Маро аз зери бағалам гирифта, аз ҷоям хезонд ва интизори омадани лифт шуд. Ман ҳам охирин қувваамро ҷамъ карда, нигоҳамро ба дари лифт дӯхтам. Пас аз лаҳзае лифт ҳам омаду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё