Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИқтисодиётМолияИдоракунӣ
Аз аввал хондан

муддати чунин фосилаҳо аз вазифаҳои мушаххаси таҳлили ва банақшагирии воситаҳои пулӣ бармеояд;

  • арзёбии омилҳои дорои хусусияти дохилӣ ва берунӣ дошта, ки ба ташаккули селаҳои пулии корхона таъсир мерасонанд.

Нишондиҳандаи муҳимтаринаш миқдори селаи пулӣ аз фаъолияти асосӣ мебошад. Лозим аст, ки ҷамъи воридоти воситаҳои пулӣ барои ақалан талофӣ намудани ҳама хароҷоти марбут ба истеҳсолу фурӯши маҳсулот басанда бошад.

Мақсади асосии таҳлили селаҳои пулии корхона дар давраи гузашта ошкор намудани сатҳи басандагии ташаккули воситаҳои пулӣ, самаранокии истифодаи онҳо, инчунин мувозинати замонии селаҳои пулии мусбат ва манфӣ мебошад. Таҳлили селаҳои пулӣ дар маҷмӯи корхона, бо тақсимкунӣ ба намудҳои асосии фаъолияти он ва ба воҳидҳои алоҳидаи сохторӣ (марказҳои масъулият) гузаронида мешавад.

Усулҳои ҳисобкунии селаи пулии соф мустақим ва ғайримустақим мешаванд.

5.4. Таҳлили ҳисобот оид ба ҳаракати селаҳои пулӣ

Таҳлили ҳисобот оид ба ҳаракати селаҳои пулӣ (ҲҲСП) барои аниқу дурустар кардани хулосаҳо оид ба ликвиднокӣ ва қобилияти пардохти ташкилот, иқтидори молиявии ояндаи он, ки қаҳлан дар асоси нишондиҳандаҳои собит, дар рафти таҳлили муқаррари молиявӣ ба даст омадаанд, имконият медиҳад.

Мақсади асосии ҲҲСП додани маълумот дар бораи тағйироти ҳаҷми воситаҳои пулӣ ва муродифҳои он барои тавсифи қобилияти ташкилот ҷиҳати гирд овардани воситаҳои пулӣ мебошад.

Селаҳои пулии ташкилот бо тақсим ба фаъолияти ҷорӣ, сармоягузорӣ ва молиявӣ тасниф карда мешаванд. ҲҲСП ҳаракати ҳаҷми воситаҳои пулиро бо дарназардошти тағйирот дар таркиби воридоту хароҷоти пул, салдони бақияҳо дар оғоз ва охири давраи баррасиишаванда инъикос менамояд ва ин имкон медиҳад то қобилияти ташкилот оид ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии селаҳои пулии соф, яъне бартарин ҳаҷми воридоти пул бар ҳаҷми хароҷот бо назардошти салдони бақия муайян карда шавад. Салдони бақияҳо барои идораи ликвиднокӣ, қобилияти пардохткунӣ ва устувории молиявии ташкилот имкон медиҳад.

пешина
аз 151
навбатӣ