Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хонданТаснифоти овардашуда барои нисбатан мақсаднок амалӣ намудани баҳисобгирӣ, таҳлил ва банақшагирии намудҳои гуногуни селаҳои пулӣ дар корхона имкон медиҳад.
5.3. Вазифа ва марҳилаҳои таҳлили селаҳои пулӣ
Вазифаи асосии таҳлили селаҳои пулӣ аз ошкор намудани сабабҳои норасоӣ (барзиёдӣ)-и воситаҳои пулӣ, муайян намудани манбаъҳои воридот ва самтҳои хароҷоти онҳо иборат мебошад.
Аз рӯи натиҷаҳои таҳлили селаҳои пулӣ оид ба масъалаҳои зерин хулосабарорӣ кардан мумкин аст:
- воситаҳои пулӣ аз кадом манбаъҳо ва ба кадом ҳаҷму миқдор ба даст омадаанд ва самтҳои асосии харҷкунии онҳо кадомҳоянд; 2) оё корхона қодир аст, ки дар ҳолати ҷории иҷрои фаъолияташ афзоиши воридоти воситаҳои пулиро бар хароҷот таъмин намояд ва чунин афзоиш то чӣ андоза суботнок хоҳад буд; 3) оё корхона қодир аст, ки уҳдадориҳои ҷории худро пардохт намояд; 4) оё фонди гирифтаи корхона барои қонеъсозии талаботи ҷории он ба пул басанда аст; 5) оё воситаҳои худии корхона барои фаъолияти сармоягузорӣ кифоят мекунанд; 6) фарқи байни миқдори фонди бадастомада ва ҳаҷми воситаҳои пулӣ аз кадом сабаб аст.
Таҳлили намудҳои селаҳои пулии корхона ҳаммонандкунии намудҳои алоҳидаи онҳо ва муайянкунии ҳаҷми умумии навъҳои мушаххаси селаҳои пулиро дар давраи баррасиишаванда дар назар дорад.
Таҳлили ҳаҷми селаҳои пулӣ низоми нишондиҳандаҳои асосиеро дар бар мегирад, ки ҳаҷми селаҳои пулии ҳосилшуда дар корхонаро инъикос менамоянд:
- ҳаҷми воридоти воситаҳои пулӣ;
- ҳаҷми хароҷоти воситаҳои пулӣ;
- ҳаҷми бақияи воситаҳои пулӣ дар оғоз ва охири давраи баррасиишаванда;
- ҳаҷми селаи пулии соф;
- тақсимоти ҳаҷми умумии намудҳои мушаххаси селаҳои пулӣ дар фосилаҳои алоҳидаи давраи баррасиишаванда. Теъдоду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё