Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аз рӯи имконияти ҳамоҳангсозӣ:

  • ҳамоҳангшаванда - селае, ки воридоташ бо вақти давраи хароҷот бо дарназардошти фарқиятҳои мавсимию даврӣ чунон мувофиқат мекунанд, ки болоравии сатҳи мувофиқати байни селаҳои пулии мусбат ва манфӣ ба сӯи рақами «+1» таъмин мегардад;
  • ҳамоҳангнашаванда - селае, ки вақти воридоту содироташ бинобар фарқиятҳои ҷиддии мавсимию даврӣ дар воридшавию хароҷоти воситаҳои пулӣ ба тарзе номувофиқанд, ки сатҳи хеле пасти мувофиқати байни селаҳои пулии мусбат ва манфӣ ҳосил мешавад, мувофиқат хеле паст мебошад ва ин метавонад маънои набудани онро дошта бошад.

Вобаста ба имконияти мусоидгардонӣ селаҳои пулии зерин аз ҳамдигар фарқ карда мешаванд:

  • мусоидшаванда - селае, ки воридоту содироташро ба осонӣ баробару ҳамоҳанг карда, ҳаҷми воридоту хароҷоташро дар фосилаҳои гуногун ҳамвор ва таъсири тағйироти мавсимию даврии онро бартараф намудан мумкин аст; дар ин ҳолат бақияи миёнаи воситаҳои пулӣ ба талаботи миёнаи корхона мувофиқат мекунад;
  • мусоиднашаванда - селае, ки воридоту содироташро баробару ҳамоҳанг кардан ғайриимкон буда, аз сабаби таъсири ҷиддии тағйироти мавсимию даврии ташаккули селаҳо ҳаҷми ин воридоту хароҷотро низ ҳамвор кардан номумкин аст, бақияи миёнаи воситаҳои пулӣ ба талаботи миёнаи солонаи корхона мувофиқат намекунад.

Аз рӯи самаранокӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои даромаднокӣ селаҳои пулиро ба намудҳои зерин тақсим менамоянд:

  • самаранок — селаҳои пулие, ки мувозинати сусткунанда ҳамзамон ба рушди даромаднокӣ, бахусус даромаднокии сармояи худӣ чунон мусоидат мекунад, ки он рушди устувори корхонаро таъмин менамояд ва нишондиҳандаҳои рушди устувори даромаднокӣ дар як вақт меафзоянд;
  • бесамара, вале мутавозин — селаҳои пулие, ки мувозинаташон аз ҳисоби паст шудан ё аз байн рафтани даромаднокӣ, хусусан даромаднокии сармояи худӣ ба тарзе ҳосил мешавад, ки зарароварии музмин (доимӣ) пас аз талофии уҳдадориҳои ҷорӣ ба миён омада, нишондиҳандаҳои устувории молиявии ҷорӣ, қобилияти пардохткунӣ, ликвиднокӣ ба ивази гум шудани даромаднокӣ боло мераванд.
пешина
аз 151
навбатӣ