Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Усули мустақими ҳисоб ба таҳлили ҳаракати воситаҳои пулӣ дар ҳисобҳои корхона асос ёфта:

  • барои нишон додани манбаъҳои асосии воридшавӣ ва самтҳои хароҷоти воситаҳои пулӣ имкон медиҳад;
  • барои баровардани хулосаҳои зудамал оид ба басандагии воситаҳо барои пардохтани уҳдадориҳои ҷорӣ имкон медиҳад;
  • робитаи мутақобилан байни фурӯш ва пули аз фурӯш ғуншударо дар давраи ҳисоботӣ муқаррар менамояд.

Усули мустақим ба гирифтани маълумоте нигаронда шудааст, ки селаҳои пулии умумӣ ва ҳам софи корхонаро дар давраи ҳисоботӣ тавсиф медиҳанд. Он барои инъикос намудани тамоми ҳаҷми воридоту хароҷоти воситаҳои пулӣ дар намудҳои алоҳидаи фаъолият ва дар маҷмӯи корхона таъин гардидааст. Фарқияти натиҷаҳои ҳисобкунии селаҳои пулии бо усулҳои мустақиму ғайримустақим ҳосилшуда, танҳо ба фаъолияти амалиётии корхона дахл дорад.
Ҳангоми татбиқи усули мустақими ҳисобкунии селаҳои пулӣ маълумоти бевоситаи баҳисобгирии муҳосибии корхона оид ба ҳама навъҳои воридоту хароҷоти воситаҳои пулӣ истифода бурда мешаванд.

Формулаи қоидавии ҳисобкунии ҷамъи селаи пулии соф оид ба фаъолияти амалиётӣ (СПСа) бо усули мустақим чунин аст:

СПСа = ФМ + ВДа – Хмм – ММка – ММми – ПАб – ПАфг –
ХДа,

Дар инҷо ФМ – маблағи воситаҳои пулие, ки аз фурӯши маҳсулот ба даст омадаанд; Вда – маблағи воридоти дигар воситаҳои пулӣ дар раванди фаъолияти амалиётӣ; Хмм – маблағи воситаҳои пулии барои хариди молу масолеҳ сарфшуда – ашёи хом, масолеҳ ва маҳсулоти нимтайёр аз молрасонҳо; ММка – маблағи музди меҳнате, ки ба кормандони амалӣ пардохта шудааст; ММми – маблағи музди меҳнат, ки ба кормандони маъмурию идорӣ пардохта шудааст; ПАб
– маблағи пардохтҳои андоз, ки ба буҷет гузаронида шудаанд; ПАфг – маблағи пардохтҳои андоз, ки ба фондҳои ғайрибуҷетӣ гузаронида шудаанд; ХДа – маблағи хароҷоти дигари воситаҳои пулӣ дар раванди фаъолияти амалиётӣ.

Ҳисобкунии маблағи селаи пулии софи корхона оид ба
фаъолияти сармоягузорӣ ва молиявӣ бо ҳамин тартиби усули

пешина
аз 151
навбатӣ