Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
4.1. АСОСҲОИ НИЗОМИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
Низоми менеҷмент тамоми фаъолияти идоракунандаи ширкатро дар бар мегирад. Низоми менеҷментро ба ду қисм ҷудо кардан мумкин аст:
-
Ташаккули стратегияи ширкат. Қисми аввал асосан дар самти «Менеҷменти стратегӣ» ва «Менеҷменти навоварӣ» ба назар мерасад;
-
Идоракунии амалии татбиқи стратегияи ширкат (тактика). Қисмати дуюм дар самти «Менеҷменти истеҳсолӣ», «Идоракунии ҳайати кормандон», «Менеҷменти молиявӣ» омӯхта мешавад. Дар самти «Менеҷменти сифат», «Менеҷменти ташкилӣ», «Технологияҳо ва низоми иттилоотӣ», «Коркарди қарорҳои идоракунӣ» ва дигарҳо стратегия ва тактикаи ширкатҳо баробар баррасӣ мешаванд.
Ҷузъҳои низоми менеҷменти стратегӣ
Доир ба таснифоти ширкати консалтингии америкоии «Мак-Кинси» дида баромадани фарқиятҳои зерини низоми маркетинги стратегӣ мақсаднок аст: стратегия, сохтор, тақвим, кадрҳо, маҳорати идоракунӣ, иштирок дар тақсимоти даромад. Аксаран менеҷменти стратегияи ташкилот ҳамчун низом аз се ҷузъи асосӣ иборат аст:
а) стратегия ҳамчун маҷмӯи қарорҳои идоракунӣ доир ба рушди самараноки он;
б) сохтори мавҷудаи идоракунии муносиби ба коркард ва татбиқи стратегияҳо равонакунанда;
в) маданияти ташкилотчигӣ.
Менеҷменти стратегиро дар ташкилот ҳамчун низом нишон додан мумкин аст, ки чунин зернизюмро дар бар гирифта метавонад:
• стратегияи маҳсулотӣ;
• стратегияи маркетинг;
• стратегияи рақобатнокӣ;
• стратегияи навоварӣ;
• стратегияи маблағгузорӣ;
• стратегияи рушд;
• стратегияи иқтисодиёти хориҷӣ;
• стратегияи ташкилӣ ва ҳайра.
Таҳлили кӯтоҳи стратегияҳои номбурдаро дида мебароем.
Стратегияи маҳсулотӣ барои муайян кардани намуди маҳсулот равона мешавад, ки ташкилот онро дар оянда истеҳсол менамояд.
Стратегияи маркетинг мувофиқати фаъолияти ширкатро ба шароити бозор бо назардошти мавқеи мол дар бозор, сатҳи хароҷот дар тадқиқоти бозор, чорабиниҳои маҷмӯи доир ба тезонидани фурӯш, тақсимоти маблағҳо, маблағҷудокунӣ ба фаъолияти маркетинг муайян менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё