Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 3. СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ

@21. Вазифаҳои менеҷменти стратегӣ ин:
$А. Ташаккули миссия, муайян намудани мақсадҳо, таҳияи стратегия, иҷрои стратегия, назорат ва баҳодиҳии амалигардонӣ;
$В. Ташаккули нуқтаи назар ва миссия, интихоби стратегияи алтернативӣ, назорат ва баҳодиҳии амалиёти ислоҳгардида;
$С. Ташаккули миссия, таҳлили стратегӣ, интихоби стратегияҳои алтернативӣ, татбиқ ва амалӣ намудани стратегия;
$D. Ташаккули нуқтаи назар ва миссия, таҳлили стратегӣ, таҳияи стратегия, татбиқ ва амалигардонии стратегия.

@22. Менеҷменти стратегӣ ҳамчун илм кай ташаккул ёфтааст?
$А. Миёнаи солҳои 1980;
$В. Охири солҳои 1960;
$С. Миёнаи солҳои 1970;
$D. Ибтидои солҳои 1970.

@23. Омилҳои ташаккули менеҷменти стратегӣ кадомҳоянд?
$А. Пешравиҳои назарраси технологӣ, ПИТ, ташкили Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС);
$В. ПИТ, ташкилшавии СУС, ҷаҳонишавии бозорҳо ва ба вуҷуд омадани ШФМ;
$С. Пешравиҳои назарраси технологӣ, ҷаҳонишавии бозорҳо ва ба вуҷуд омадани ТНК, таъмини бозор бо маҳсулот ва хизматрасониҳо;
$D. Ҷаҳонишавии бозорҳо ва ба вуҷуд омадани ШФМ, таъмини бозор бо маҳсулот ва хизматрасониҳо, ташкилшавии СУС.

@24. Кадом таъйинот нисбати менеҷменти оперативӣ нодуруст аст?
$А. Тамоюл ба дурнамои миёнамуҳлат ва кӯтоҳмуддат;
$В. Ҷустуҷӯи роҳҳои истифодаи самараноки захираҳо;
$С. Ташкилот барои зуд ба даст овардани фоида амал мекунад;
$D. Муносибат бо кормандон – ҳамчун асоси рушди ташкилот.

@25. Кадом таъйинот нисбати менеҷменти стратегӣ нодуруст аст?
$А. Тамоюл ба дурнамои дарозмуддат;
$В. Муносибат бо кормандон – ҳамчун асоси рушди ташкилот;
$С. Ҷустуҷӯи роҳҳои истифодаи самараноки захираҳо;
$D. Мустаҳкам намудани рақобатпазирӣ бо роҳи ҷустуҷӯи имкониятҳои нав дар муҳити беруна.

пешина
аз 469
навбатӣ