Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
ЗАМИМАҲО
Замимаи № 1 ба мавзӯи 2.
Дувоздаҳ мактаби стратегӣ
Нуқтаи назари дигар нисбати таснифоти мактабҳои идоракунии стратегӣ мавҷуд аст. Дар ин таснифот ёздаҳ мактаб баррасӣ мешавад, ки аз рӯи меҳварҳо нишон дода мешаванд. (расми 1.):
Расми 1. Дувоздаҳ мактаби стратегӣ
-
мақсади асосии таъйинот – аз таъйиноти махсус ба мутобиқшавӣ, ба муҳити беруна то таъйиноти таҷдиди пурраи муҳит;
-
таъйиноти асосии когнитивӣ – аз мантиқии равшан то интуитивии пурра.
Мазмун ва мавқеи ҳар як мактабро бо таври кӯтоҳ шарҳ медиҳем:
-
Се мактаби асосӣ, ба ғайр аз мактаби омӯзиш, вазифаҳои шахсии менеҷменти стратегӣ ва илми гуманитариро баррасӣ менамоянд. Онҳо хусусияти амалкунанда надошта, хусусияти дарккунанда доранд;
-
Мактаби омӯзиш («тренер»), барои ташкили консепсияи менеҷменти стратегӣ кӯшиш менамояд, вале чуноне ки аз номаш маълум аст, консепсияи дарккунандаи афзалиятнок ба шумори меравад. Дар натиҷа, ташкилот аз пеши худ ба таҳияи стратегия оғоз мекунад, ки он аз малакаи сарменеҷер оид ба иҷрои вазифаҳои омӯзгорӣ вобастагӣ дорад;
-
Мактаби ҳокимият («дипломат») диққати роҳбариятро ба идоракунии иттиҳодияҳои сиёсии дохили ташкилот ва иштирок дар иттиҳодияҳои аз он берун равона месозад. Дар чунин муносибат стратегия ҳамчун омили алоқамандии байни одамон ва гурӯҳи одамон мебошад;
-
Мактаби когнитивӣ («психолог») барои ёфтани калиди фаҳмиши ҷараёни ташаккули диди стратегӣ кӯшиш менамояд. Дар натиҷа, якчанд омил ва равандҳои асосӣ дарёфт карда шудаанд.
-
Мактаби ба истилоҳ «мулоим» ҷавҳари менеҷменти стратегиро ташкил менамояд:
Мактаби ибтидоии менеҷменти стратегӣ, ки барои дарбаргирии комил талош менамояд, мактаби такмилдиҳӣ (номи дигараш мактаби бандубаст, дизайн) ба шумор меравад. Мактаби такмилдиҳӣ менеҷменти дараҷаи баланди ташкилиро барои ташкил намудани стратегияи фаҳмо, мушаххас ва нодир амалӣ менамояд. Дар ин ҷо фарқияти нозук байни муносибатҳои интуитивӣ ва расмӣ гузаронида мешавад. Муносибати интуитивӣ дар аввал ҳангоми ташаккули мақсадҳо ва дар охир дар ҷараёни баҳодиҳии стратегия афзалият пайдо мекунад. Муносибати расмӣ бошад, муҳтавои ҷараёни ташаккули стратегияро аз аввал то охир мефаҳмонад;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор