Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИ

Ҷузъҳои бозор (Market segment) — ин маҷмӯи истеъмолкунандагонест, ки ба маҳсулот ва хизматрасониҳои маркетингии пешниҳодгардида назари якхела доранд.

Ширкати байналмилалӣ (International company) — ширкатест, ки фаъолияти он дар миқёси байналхалқӣ амалӣ карда мешавад. Бисёри онҳо аз рӯи мансубият хусусияти миллӣ доранд. Ба гурӯҳи ширкатҳои байналмилалӣ, ки корпорацияҳои фаромиллӣ номгузорӣ шудаанд, таҳлилгарони СММ ҳамаи ширкатҳоеро дохил менамоянд, ки дар хориҷа иқтидори истеҳсолӣ доранд.

Ширкати ҷаҳонӣ (глобалӣ) (Global firm) — ширкатест, ки дар зиёда аз як мамлакат фаъолият дорад ва бартариҳои худро дар самти тадқиқот ва коркардҳо, истеҳсолот, молия, маркетинг дар дигар мамлакатҳо паҳн менамояд. Дар ин маврид интиқоли омилҳои зикргардида бо хароҷоти паст ва эътибори баланд амалӣ карда мешаванд ва онҳо барои дигар ширкатҳои рақобаткунандае, ки танҳо дар бозори дохилӣ фаъолият доранд, дастрас нестанд. Чунин ширкат бозорҳои мамлакатҳои гуногунро ҳамчун воҳиди ягона баррасӣ менамояд ва стратегияи ҷаҳониро дар бозори ҷаҳонӣ роҳандозӣ месозад.

Ширкатҳои бисёрмиллата (Multidomestic, multicountry, multinational firm) — ширкатҳоеанд, ки сармояи онҳо ба соҳибкорони мамлакатҳои гуногун тааллуқ дорад.

Ширкатҳои венчурӣ (Venture companies) — ширкатҳои ба таваккалҳо майлдошта, ки одатан дар самти соҳибкорӣ ташкил гардида, бо хатарҳои баланди зарароварӣ алоқаманданд.

Эътибори асосӣ — истилоҳи муайянкунандаи он корҳоест, ки ширкат ва ё зерсохторҳои он нисбати дигар ширкатҳо беҳтару хубтар мекунанд. Муҳити устувори таъмини бартариҳои рақобат ба эътибори асосии ширкат вобастагӣ дорад, аммо онҳо бе аҳамияти ҷиддии роҳбарият наметавонанд рушди стратегиро таъмин намоянд.

SWOT - таҳлил (Strengths, Weaknesses, Opportunities and Threats analysis) - таҳлили ҷонибҳои пуркувват ва заифи ширкат, баҳодиҳии имкониятҳо ва таҳдидҳои эҳтимолии он.

пешина
аз 469
навбатӣ