Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ЛУҒАТИ ТАФСИРИ

Хароҷотҳои трансаксионӣ (Transacting cost) — хароҷот барои омода ва гузаронидани трансакцияҳои гуногун, қарордодҳо, созишномаҳо, шартномаҳо ва ғайра. Хароҷоти трансаксионии дохилӣ хароҷотро барои ҳамоҳангсозии амалҳои шӯъбаҳои гуногун ҳангоми иҷрои корҳои мушаххас дар худ таҷассум менамояд.

Ҳавасмандӣ (мотивация) (Motivation) — ҷараёни ҳавасмандгардонии кормандон ҷиҳати самаранок гардонидани фаъолияти онҳо ва расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ.

Ҳамгироии амудии «ба қафо» ё ҳамгироии — стратегияе ба шумор мера-вад, ки барои инкишофи ширкат ва таъмини истеҳсолот аз ҳисоби дастрас намудани интиқолдиҳандагон ё тақвияти назорати сохтори интиқоли молу маҳсулот равона шудааст.

Ҳамгироии амудии «ба пеш» (Forward vertical integration strategy) — стратегияе, ки барои рушди ширкат ва таъмини инкишофи истеҳсолот аз ҳисоби ба даст овардани дилерҳо ё тақвияти назорати сохтори фурӯши молу маҳсулот равона гардидааст.

Чандирии беруна — имконияти дар ҳама ҳолатҳои муҳити беруна нигоҳ доштани мавқеи рақобатнок. Он аз ҳисоби тақсимоти хатарҳо байни МСХ-и гуногун, инчунин мавқеи захираҳои стратегӣ, омил ва гурӯҳҳои таъсиррасонии стратегӣ ба даст оварда мешавад.

Чандирии дохилӣ — малакаи ширкат барои таъмини ҳамоҳангсозии до-хилиест, ки ҳангоми мавҷуд будани он иқтидор, захираҳои моддӣ, касбӣ ва идоракунии ширкат метавонад ба осонӣ ва бо тезӣ аз як МСХ ба ди-гараш гузарад. Дараҷаи баланди чандирӣ ин амалҳои фаъоли молиявӣ; интиқоли фаврии ҳамаи захираҳои ширкат ба маблағ аст.

Чандирии стратегӣ — қобилияти ширкат барои истифодаи омилҳои ногаҳонии стратегӣ ҷиҳати тақвияти мавқеи рақобатноки худ ва муқовимат ба хатарҳои эҳтимолӣ.

Ҷараёни муносибат ба омӯзиши пешсафӣ (Process approach) — раванди муносибати пешсафро бо тобеи худ муайян мекунад: амалияест, ки дар муносибати мазкур замина гардида, барои фаҳмонидани равандҳои муносибати пешсаф бо тобеони худ кӯшиш менамояд.

Ҷолибияти бозор (соҳа) — нишондиҳандаи мазкур дар худ гунҷоиши бозор ва суръати инкишофи он, талаботи технологӣ, шиддатнокии рақобат, монеаҳои баромад ва даромад, калавишҳои марҳилавӣ ва мавсимӣ, даромаднокии соҳа, таъсиррасонии омилҳои иҷтимоӣ ва экологӣ, инчунин танзими давлатиро таҷассум месозад. Дар матритсаи «Ченерал Электрик- МакКинзи» истифода мегардад.

пешина
аз 469
навбатӣ