Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИКӢ

Таҷдидномай (Renovation) — ба аз худнамоии малака ва донишҳои нави кормандони ширкат вобаста буда, барои таҷдиди ташкилот имконият медиҳад. Бо арзишҳои асосии инсонӣ алоқаманд аст.

Таҷрибаи қаҷҳат (омӯзиш) (Experience curve, learning curve) — инъикоси графикии қонуни таҷриба чунин мефаҳмонад: «хароҷот барои воҳиди ягонаи маҳсулот ҳангоми гирифтани арзиши иловашуда барои моли стандартӣ истифода мешавад, ченаки воҳидҳои доимии пулӣ ҳангоми дуқарата зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулот ба эътибор гирифта мешаванд» таҳлили таҷрибаи қаҷҳат нишон дод, ки суръати пастравии хароҷот аз соҳа ба соҳа танзим мешавад. Қонуни таҷриба дар охири солҳои 60-ум аз ҷониби Гурӯҳи машваратии Бостон ба роҳ монда шудааст.

Тамоюли геоцентрӣ (Geocentric orientation) — дар он ақида аст, ки бозорҳо дар тамоми ҷаҳон дар як вақт ҳам якхела ва ҳам гуногун мебошанд. Аз ин лиҳоз, бояд стратегияи ҷаҳонӣ таҳия карда шавад.

Таҳлили стратегияи хароҷот — дар худ муқоисаи хароҷоти ширкатро бо рақибони асосии он аз рӯи тамоми занҷира, аз хариди ашё сар карда, то нархи аз ҷониби истеъмолкунанда пардохтшаванда дар бар мегирад.

Таҳлили стратегӣ — таҳлили омилҳои дохилӣ ва берунаест, ки барои таҳияи ҳадаф ва стратегияҳо заруранд. Таҳлили беруна, дохилӣ ва таҳлили рақобатнокиро қайд менамоянд.

Ташкилот (Organization) — муттаҳидшавии бошууронаи одамон аст, ки фаъолияти онҳо барои ноил гаржидан ба мақсадҳои умумӣ ва маҷмӯи мақсадҳо ҳамоҳанг сохта мешаванд.

Ташкилоти ғайрирасмӣ — системаи дурушти қоидаҳо ва протседураҳои расмиро надорад. Метавонад ҳам худ бо худ (оила, дӯстон ва ғайра), ҳам дар сохтори ташкилотҳои расмӣ вуҷуд дошта бошад.

Ташкилоти ғайритиҷоратӣ — мақсади гирифтани фоидаро пеш намегузорад, вале барои ноил гаржидан ба мақсадҳо фаъолияти соҳибкориро ба роҳ мемонад.

Ташкилоти қолибӣ (Matrix organization) — шакли сохтори ташкилие мебошад, ки гурӯҳҳои ташкилгардида ба ғайр аз роҳбари ташкилот, боз ба дигар роҳбарони шуъбаҳое итоат мекунанд, ки дар онҳо фаъолият менамоянд.

Ташкилоти расмӣ — мақсадҳои мушаххас, қоидаҳои сахт ва тартиби амалкуниро дорад.

Ташкилоти тиҷоратӣ — мақсади асосии фаъолияти ин ташкилотҳо ба даст овардани фоида аст.

Фаъолнокӣ (Reanimation) — рушди ташкилот дар якҷоягӣ бо рушди муҳит.

пешина
аз 469
навбатӣ