Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ЛУҒАТИ ТАФСИРИ

намудан амалӣ намояд. Дар ин замина дар ҳар ду ҳолат ҳам, тағйироти мавқеи ширкат дар дохили соҳа ба амал меоянд.

Стратегияҳои ихтисори мақсаднок (Target retrenchment strategies) — стратегияҳое мебошанд, ки барои ихтисор намудани фаъолияти ширкат равона гардидаанд. Онҳо дар худ стратегияҳои ихтисор (қатъгардонӣ), ихтисори хароҷот, стратегияи ҷамъоварии ҳосил ва барҳамдиҳиро инъикос менамоянд.

Стратегияҳои рушди босуръат — стратегияҳои вобаста ба тағйироти маҳсулот ва ё бозор ба шумор рафта, ба дигар ҷузъҳо дахолат намекунанд. Дар доираи ин стратегияҳо метавон стратегияҳои воридшавӣ ба бозор, рушди бозорҳо ва инкишофи маҳсулотро қайд намуд.

Стратегияҳои сиёсӣ (Political strategies) — муносибат ва амалҳои ширкатро бо гурӯҳҳои стратегии таъсиррасон ва дар робита ба тарафдорони сиёсӣ ва муқобилони онҳо муайян менамояд. Дар худ стратегияи ба эътибор нагирифтан, стратегияи ба ҳисоб гирифтани ҳавасмандҳои сиёсӣ, стратегияи ташкили иттиҳодияҳои стратегиро таҷассум менамояд.

Стратегияҳои фаъоли сармоягузорӣ (Investment activity strategies) — стратегияҳои ба рушди фаъолияти ширкат ва инкишофи он равонагарида мебошанд. Ин стратегияҳо дар худ стратегияи рафторро дар бозори коғазҳои қиматнок, васеъ намудани истеҳсолот ва диверсификатсияро дар бар мегиранд.

Структурикунонии қарорҳо — ба мушкилоте мувофиқ мебошад, ки сохторашон маълум аст.

Тадқиқоти саҳрӣ — ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти ибтидоӣ дар робита бо мақсади тадқиқоти мушаххас аст. Усули муқаррарии гирифтани маълумоти аввалин ин муроҷиат ба ашхоси алоҳида ё гурӯҳи одамон барои фаҳмидани андешаи онҳо доир ба масъалаи баррасишаванда мебошад.

Тадқиқоти хурд (кабинетӣ) — омӯзиши маълумоти дуюмдараҷаи аллакай дар шакли муайян мавҷудбударо мефаҳмонад, ки аз сарчашмаҳои дохилӣ ва беруна дастрас гардидаанд.

Таклидкорӣ (Simulation) — ҷараёни коркарди модели ҳолати воқеӣ ва гузаронидани озмоишҳои алтернативӣ бо мақсади ошкор намудани алтернативаҳои тағйироти дар ҳолати мазкур ба амалоянда.

Таҷдиди сохторӣ (Restructuring) — ҷараёнест, ки ба тағйироти аз ҷониби муҳити беруна ба ташкилот баамалоянда дахл дорад. Ин, пеш аз ҳама, тағйирот дар сохтори ташкилӣ ба шумор меравад. Таҷдиди сохторӣ барои ноил гардидан ба бартариҳои рақобат нигаронида шудаанд.

пешина
аз 469
навбатӣ