Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Стратегияи таъмини захираҳо - маҷмӯи тартиботи принципиалӣ, ки ба ширкат барои тақсимоти самараноки захираҳо ва интихоби интиколдиҳандагони афзалиятнок имконият медиҳанд. Инчунин дар ин стратегия бояд вобаста набудани ширкат аз қувваи рақобатноки интиколдиҳандагон баҳогузорӣ карда шавад.
Стратегияи технологӣ - стратегияе мебошад, ки мавқеи ширкатро дар самти тадқиқот ва коркардҳои технологӣ ва молҳо, кор бо иҷозатдиҳӣ ҳангоми харид ва фурӯш, ошкор намудан ва тақвият бахшидани бартариҳои рақобат аз ҳисоби доштани патентҳо ва навовариҳо муайян менамояд.
Стратегияи функсионалӣ (Functional strategy) - нақшаи идоракунии фаъолияти ҷории зерсохторҳои алоҳида (КИТТТ, истеҳсолот, маркетинг, тақсимот, молия ва кадрҳо) ё самтҳои асосии функционалии дохили соҳавиро муайян месозад.
Стратегияи хароҷоти оптималӣ (Best cost strategy) - ба мувофиқатии хароҷоти паст ва тафриқаи васеи маҳсулот тамоюл дорад. Стратегияи мазкур барои қонеъгардонии талаботи истеъмолкунандагон аз ҳисоби ҳаҷми зиёди молҳо бо нархҳои нисбатан арзон дар робита бо нархҳое, ки аз ҷониби рақобаткунандагон монда мешаванд, равона гардидааст.
Стратегияи экологӣ - стратегияе мебошад, ки барои ҳифзи муҳит, нигаҳдории захираҳои табиӣ, истеҳсоли маҳсулоти тозаи экологӣ ва ғайра, ки барои ҳифзи табиати зинда дар ҷаҳон ва дар истеҳсолот истифода мешавад.
Стратегияи якҷояшавии диверсификатсия - стратегияест, ки дар асоси ҷустуҷӯ ва истифодаи имкониятҳои иловагии истеҳсоли маҳсулоти нав, ки ба имкониятҳои мавҷудаи ширкат мутобиқат дорад, амалӣ карда мешавад. Дар ин ҳолат истеҳсолоти мавҷуда дар фаъолияти ширкат омили асосӣ ба шумор рафта, истеҳсолоти нав вобаста ба имкониятҳои технологӣ ва маркетингии ширкат амалӣ карда мешавад.
Стратегияҳои диверсификатсия (Diversification strategies) — бо ҳолат ва тағйироти аз панҷ як ва ё якчанд ҷузъҳо, ба мисли маҳсулот, бозор, соҳа, мавқеи рақобат муайян карда мешаванд. Се шакли асосии диверсификатсия маълум аст: стратегияи диверсификатсияи уфуқӣ, стратегияи диверсификатсияи якҷоякунӣ, стратегияи диверсификатсияи ихтилот.
Стратегияҳои инкишофи якҷоя (Integrating growth strategies) - стратегияҳое мебошанд, ки ба тавсеаи ширкат бо роҳи илова намудани сохторҳои нав алоқаманд аст. Инкишофи якҷояи худро ширкат метавонад ҳам бо роҳи ба даст овардани соҳибият ва ҳам бо роҳи аз дохил васеъ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор