Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Стратегияи рушди бозорҳо (Market development strategy) — дар доираи ин стратегия ширкатҳо усулҳои гуногунро истифода ва барои зиёд намудани ҳаҷми фурӯши маҳсулот кӯшиш менамоянд, ки он корҳо дар ниҳоят барои рушди истеҳсолот мусоидат менамоянд.

Стратегияи рушди мол (Product development strategy) — барои таъмини суръати фурӯш, ки дар бозори азхуднамудаи ширкат ба фурӯш бароварда мешавад, равона гардидааст.

Стратегияи сандукӣ (портфелӣ) (Portfolio strategy) — стратегияест, ки мавзеъҳои муҳими хоҷагидориро барои ба даст овардани манфиат, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти нав барои бозор, баромадан аз бозор ва нигоҳдории сатҳи фурӯш як ҷо месозад.

Стратегияи сармоягузорӣ (Investment strategy) — ин стратегияи ташкили сандуқи сармоягузорӣ мебошад.

Стратегияи такмилёфтаи тафриқавӣ (Focused differentiation strategy) — яке аз навъҳои стратегияи такмилёфта мебошад, ки ширкат дар доираи сегменти интихобгардида тафриқаи маҳсулотро мустаҳкам менамояд. Бо ин восита ширкат кӯшиш менамояд дар байни дигар ширкатҳои дар соҳа фаъолиятдошта намоён бошад. Ҳаҷми гурӯҳи мақсаднок (сегмент) на аз шакли такмилдиҳӣ, балки аз дараҷа вобастагӣ дорад.

Стратегияи такмилёфтаи хароҷоти паст (пешсафӣ аз рӯи хароҷот) (Focused low cost strategy) — яке аз навъҳои такмилёфтаи стратегия мебошад, ки ширкат дар доираи сегменти интихобгардида барои ноил гаржидан ба бартариҳо бо мақсади таъмин намудани бартариҳои рақобатноки худ кӯшиш менамояд. Ҳаҷми гурӯҳи мақсаднок (сегмент) на аз навъи такмилдиҳӣ, балки аз дараҷа вобастагӣ дорад.

Стратегияи тафриқавӣ (Differentiation strategy) — дар идоракунии стратегӣ яке аз стратегияҳои умумии ширкат мебошад, ки барои ташкили бартариҳои рақобатнок равона гардидааст. Тафриқавӣ дар он ҳувайдо мегардад, ки ширкат барои ноил гаржидан ба муваффақиятҳои нодир дар ин ё он самт кӯшиш менамояд, ки барои қисми зиёди мизоҷон муҳим мебошад. Стратегияи тафриқавӣ метавонад шаклҳои гуногунро доро бошад: имиҷ, тамғаҳо, эътирофи мукаммал будани технологияҳо, намуди беруна, хизматрасониҳои баъди фурӯш. Хусусиятҳои тафриқа ба ҳар як соҳа хос мебошанд.

Стратегияи ташкили иттиҳодияҳои стратегӣ — стратегияест, ки ба ҷустуҷӯи иттифоқчиён ва тақвияти мавқеи ширкат аз ҳисоби паст намудани шиддати рақобатнокӣ дар натиҷаи ба имзо расонидани созишномаҳои гуногун равона гардидааст.

пешина
аз 469
навбатӣ