Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Стратегияи рафтор дар бозори коғазҳои қиматнок дар коркарди қоидаҳои сафарбаркунии захираҳои иловагии молиявӣ ҳам барои сармоягузорӣ ва ҳам барои ҳалли вазифаҳои ҷории молиявӣ таҷАССУМ меёбад.
Стратегияи муҳофизат ва мустаҳкамкунӣ (стратегияи муҳофи-заткунӣ) (Fortify-and-defend strategy, defensive strategy) - малакаи ширкатро барои дар бозор мавқеъро нигоҳ доштан ва ба даст овардани мавқеи пештара ба эътибор мегирад. Инчунин гузаронидани курсҳо оид ба нигоҳ-дории ҳиссаи мавҷудаи бозорро мефаҳмонад. Барои пешсафони соҳа маънои стратегияи мазкур аз он иборат аст, ки дастрасии ширкатҳои навро ба бозор мушкил гардонад ва барои довталабони барои пешсафӣ рағбатдошта имконияти мустаҳкам намудани мавқеъро фароҳам насозад. Стратегияи мазкур барои ҳиссаи заифи тиҷорат муборизаи вазнинро нисбати нигоҳдории ҳаҷми фурӯш, ҳиссаи бозор, дараҷаи даромаднокӣ ва мавқеи рақобат мефаҳмонад.
Стратегияи ҳамгироии уфуқӣ (Horizontal integration strategy) - мақсади асосии он аз тақвият додани мавқеи ширкат бо роҳи таҳкими назорат аз болои рақибон мебошад. Ба ғайр аз ин, стратегияи мазкур метавонад ҳамкории ширкатҳои рақобаткунандаро муваққатан ва ё доимӣ, дар ҳолате ки чунин ҳамкорӣ ба онҳо фоидаи назаррас меорад, пешбинӣ намояд.
Стратегияи ҳуҷумкунӣ (ҳуҷумкунии стратегия) (Offensive strategy) - мавқеи фаъол ва шиддатноки ширкатро дар бозор ба назар мегирад ва мақсади асосии он ба даст овардан ва васеъ намудани ҳиссаи ширкат дар бозор аст.
Стратегияи пешсафӣ аз рӯи хароҷот (Costleadership strategy) - стратегияи пешсафӣ аз ҳисоби сарфа намудан дар хароҷот. Дар стратегияи идоракунӣ яке аз стратегияҳои умумии ширкат барои ташкили бартариҳои рақобатнок ба шумор меравад. Стратегияи пешсафиро оид ба хароҷот истифода намуда, ширкат ба бозори васеъ тамокул гирифта, ба миқдори зиёду бо хароҷоти кам ва бо нархи паст мол истеҳсол мекунад. Ин стратегия одатан ба истеҳсолоти пурмаҳсул такя менамояд.
Стратегияи расмии корбарӣ (Business strategy) - ба амал ва муносибатҳое равона гардидааст, ки ба идоракунии як соҳаи марбутаи тиҷорат вобаста аст. Мазмуни ин стратегия аз он иборат аст, ки бо кадом тарз ба даст овардани мавқеи пурқуввати рақобат ро нишон медиҳад.
Стратегияи рушди амудӣ (Vertical integration strategy) - стратегияи инкишофи ҳамгироӣ мебошад, ки ба воситаи илова намудани сохторҳои нав тағйир ёфтани ҳолати дохилии ширкат ва васеъ гардидани онро мефаҳмонад. Баррасии ҳамгироии амудии «ба пеш» ва ҳамгироии уфуқӣ «ба қафо» мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор