Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Стратегияи интернатсионализатсия (умумӣ) (Internationalization strategy) – аз худ намудани бозорҳои нав бо роҳи на танҳо васеъ намудани содироти маҳсулот, балки содироти сармоя.

Стратегияи ихтилоти диверсификатсия — стратегияе мебошад, ки барои азхуднамоии навъҳои фаъолияти ба омилҳои маъмули новобаста ба самти технологӣ ва на ба самти тиҷоратӣ равона гардидааст. Ҳангоми амалӣ намудани ин навъи стратегия мақсади ширкат аз таҷдиди сандуқи худ иборат аст.

Стратегияи ихтисоркунӣ (қатъгардонӣ) (Divestiture strategy) — фурӯши зерсохтори хоҷагидорӣ ё ба ихтиёри он ҷудо намудани сохтори воҳиди мустақилро пешбинӣ менамояд, ки ширкат аз он пурра даст мекашад ва ё қисман назоратро нигоҳ медорад.

Стратегияи кам намудани хароҷот — ба стратегияи ихтисорот нисбатан наздик аст. Аммо стратегияи мазкур асосан дар муқоиса ба кам намудани сарчашмаҳои начандон калони хароҷот, ки ба фаъолияти ширкат, на ба худи шакли фаъолиятҳо вобастагӣ доранд, таъсир мерасонад.

Стратегияи корпоративӣ — аз он иборат аст, ки чӣ тавр ширкатҳои диверсификатсионӣ принсипҳои худро дар соҳаҳои гуногун тасдиқ менамоянд.

Стратегияи ҷаҳонӣ (глобалӣ) (Global strategy) — барои ҳамаи мамлакатҳо якхела мебошад, гарчанде ки дар ҳар бозор фарқияти начандон калон дар стратегия мавҷуданд ва онҳо бо мақсади мутобиқшавӣ ба хусусиятҳои бозор нигаронида шудаанд. Аммо муносибати асосии рақобат барои ҳамаи мамлакатҳое, ки ширкат дар он ҷойҳо фаъолият менамояд, бетағйир боқӣ мемонад. Стратегияи ҷаҳонӣ дар соҳаҳое, ки рақобатнокии зиёд доранд ва ё соҳаҳое, ки ҷараёни ҷаҳонишавӣ дар онҳо оғоз гардидааст, натиҷаҳои мусбат медиҳад.

Стратегияи маркетингӣ (Marketing strategies) — стратегияест, ки самтҳои асосии фаъолияти маркетингро дар бар мегирад, ки бо истифодаи он ташкилотҳо барои ноил гардидан ба мақсадҳояшон кӯшиш менамоянд. Стратегияи маркетинг стратегияҳои мушаххаси фаъолиятро дар бозорҳо бо истифодаи маҷмӯи омилҳои маркетинг ва хароҷоти он дар бар мегирад. Стратегияи маркетинг барои маҳсулот, нархҳо, фурӯши маҳсулот, пешниҳоди мол ба бозор таҳия гашта, муносибати ширкатро нисбати таваккал ва хатарҳои имконпазир муайян месозад.

Стратегияи муборизаи партизанӣ (Guerillawarfare strategy) — аз ҷониби ширкат нооромиҳоро барои рақибон дар бозорҳои худи онҳо пешбинӣ менамояд. Бо ин роҳ ширкат рақибонро аз қувваи иқтисодии худ огоҳ месозад, ки мақсади ҳуҷуми мавқеи онро пеш нагузоранд.

пешина
аз 469
навбатӣ