Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

МЕНЕЧМЕНТИ СТРАТЕГИ

Стратегияи баҳисобгирии ҳавасмандиҳои сиёсӣ — стратегияи пешбиникунандаи он ки ширкат мавқеи фаъоли сиёсиро доро мебошад.

Стратегияи барқароркунӣ (вусъатёбӣ) (Turnaround strategy) — барои ширкатҳое хос аст, ки дар вазъияти ногувор қарор дошта, ҳолати онҳо пайваста мушкил мегардад. Дар ин ҳолат ширкат метавонад стратегияи барқарорсозии мавқеи аздастдода ва устувор нигоҳ доштани мавқеи худро дар бозор куллан тағйир диҳад.

Стратегияи барҳамдиҳӣ (Liquidation strategy) — ҳолати ниҳоии стратегияи мақсадноки барҳамдиҳӣ. Дар ин ҳолат ширкат дар марҳилаи кӯтоҳ зерсохторҳои хоҷагидории худро барҳам медиҳад, зеро ки барои инкишофи самараноки фаъолияти худ ба таҷдиди қувваҳо зарурат пайдо мешавад. Ё ки ширкат аз баъзе самтҳои фаъолияти худ даст мекашад.

Стратегияи бисёрмиллата (Multidomestic, multi country strategy) — стратегияест, ки ба воситаи он ширкат муносибати стратегияи худро ба ҳолати мушаххаси бозори ҳар як мамлакат омода менамояд. Дар ин ҳолат стратегияи умумии байнамилалии ширкат маҷмӯи стратегияҳои мамлакатҳоро инъикос месозад. Стратегияи бисёрмиллата барои соҳаҳое хос аст, ки дар онҳо рақобати бисёрмиллата бартарӣ дорад.

Стратегияи васеъ намудани истеҳсолот — бо ҳолат ё тағйироти як ва ё якчанд аз чор ҷузъҳои зерин муайян карда мешавад: маҳсулот, бозор, мавқеи рақобат, технологияҳо. Онҳо стратегияҳои гурӯҳи якҷояи инкишоф ва гурӯҳи стратегияҳои рушди босуръатро дар худ таҷассум менамоянд.

Стратегияи ғунучини ҳосил (Harvesting, harveststrategy) — аз нигоҳи дарозмуддат даст кашидан ба фоидаи ҳадди ақали даромадҳо дар марҳилаи дурнамои кӯтоҳмуддат. Нисбати тиҷорате истифода мегардад, ки оянда надорад ва метавонад бе даромад фурӯхта шавад. Стратегияи мазкур дар марҳилаи ихтисори навъи фаъолияти мушаххас, дар дараҷаи то сифр гирифтани даромаднокии максималии эҳтимолиро пешбинӣ менамояд.

Стратегияи диверсификатсияи уфуқӣ (Horizontal diversification strategy) — стратегияе мебошад, ки бо роҳи истеҳсоли маҳсулоти нави барои истеъмолкунандагони ширкат нигаронидашуда ҷиҳати ҷустуҷӯи имкониятҳои инкишофёбӣ дар бозори мавҷуда равона гардидааст.

Стратегияи зарбаи ҷавобӣ (Retaliatory strategy) — барои рақибон иттилоъ медиҳад, ки амалҳои онҳо бе ҷавоб намемонанд, яъне ки ширкат барои ҳимояи бартариҳои рақобат омода аст. Ин омодагӣ ва ба самти рақибон расонидани он ки ширкат метавонад чораҳои ҷавобиро роҳандозӣ намояд, метавонад хурӯши ҳуҷумкунандагонро то андозае паст намояд, зеро натиҷа аз амалҳои ҳуҷумкунӣ метавонад бесамар ва ё манфӣ бошад.

пешина
аз 469
навбатӣ