Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

«оптималӣ» будани стратегияи ширкат ва дараҷаи мувофиқатии иқтидории ширкат ба ин стратегияи оптималӣ муайян карда мешавад. Дар матритсаи «Ҷенерал электрик - Мак - Кинзи» истифода мешавад.

Стратегияи воридшавӣ ба бозор (Market penetrating strategy) — мақсади дар бозорҳои нав инкишофи ҳаҷми фурӯши молу маҳсулотро бо роҳи фурӯши молҳои мавҷуда дорад. Ба ҳайси бозорҳои нав дар ин ҷо ҳам ҳудудҳои бозорҳои нав, ҳам ҷузъҳои нав дар ҳамон бозори минтақавӣ баррасӣ мегарданд (масалан, пешниҳоди молҳои саноатӣ ба бозорҳои истеъмолӣ). Стратегияи рушди бозорҳо асосан ба системаи фурӯш ва навовариҳои соҳаи маркетинг такя менамояд.

Стратегия (Strategy) — ҳуҷҷати корпоративне мебошад, ки нақшаи стратегияи рушди корпорацияро дар муддати 10-15 сол дар бар мегирад ва иҷрои он барои тамоми кормандон ва зерсохторҳо ҳатмӣ буда, воситаи ба даст овардани натиҷаҳои назаррас мебошад. Маҷмӯи амалҳои ба нақшагирифташудаест, ки барои ба даст овардани бартариҳои рақобатии ширкат ва бартараф намудани хатарҳое, ки ин бартариҳо ва дар маҷмӯъ мавқеи ширкатро заиф мегардонанд, равона гардидаанд.

Стратегияи «гасб намудани фазоҳои ишғолнагардида» (End-run strategy) — аз даст кашидани ширкат нисбати талабҳои ошкоро барои рақибон дар муборизаи арзишҳо ва тарғибот ва хароҷоти зиёд барои тафриқабандӣ алоқаманд мебошад. Ба ҷои ин ширкатҳо сиёсати корбариро дар мавзеъҳои ҷуғрофии нав ба роҳ монда, технологияҳои навро аз худ намуда, эътибори асосии худро тақвият мебахшад ва бо ин восита бартариҳои навбатиро соҳиб мегарданд.

Стратегияи ақибнишинӣ (Abandonment strategy) — одатан ба кам гардидани саҳми бозор дар муҳлати кӯтоҳи эҳтимолӣ бо мақсади зиёд намудани даромаднокӣ вобаста мебошад. Ширкат мумкин аст ба ҳолате дучор гардад, ки бароиш маблағ зарур аст ва барои ин як қисми ҳиссаи бозории худро ба рақибон мефурӯшад. Чун қоида, ин стратегияи маҷбурӣ мебошад, на стратегияи интихобгардида. Ин стратегия тадриҷан ба анҷом расонидани амалиёт ва ё барҳамдиҳии бизнесро ифода менамояд.

Стратегияи амалиётӣ операсионӣ (Operating strategy) — чӣ гуна идоракунии қисмҳои асосии ташкилот (заводҳо, соҳаҳои фурӯш, анборҳо)-ро муайян месозад, инчунин иҷрои вазифаҳои муҳими стратегияи оперативӣ (хариди маводҳо, идоракунии захираҳо, таъмири таҷҳизот, интиқол, гузаронидани маъракаҳои тарғиботӣ)-ро таъмин месозад.

Стратегияи ба эътибор нагирифтан — аз ҷониби ширкат амалӣ намудани он сиёсатеро пешбинӣ менамояд, ки ширкат барои ба ҳисоб нагирифтани тағйироти гуногуни сиёсӣ ва эътибор надодан ба афкори ташкилотҳои ҷамъиятӣ имконият медиҳад.

пешина
аз 469
навбатӣ