Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Сохтори кушода (Open system) — бо хусусияти алоқамандиаш бо муҳити беруна маълум аст. Чунин система худтаъминкунанда набуда, аз омилҳои беруна вобастагӣ ва қобилияти ба тағйироти муҳити беруна омода буданро дорад, ки ин омилҳо шарти зарурии фаъолияти он ба шумор мераванд.
Сохтори механикӣ (Mechanistic structure) — шакли маъмулию бюрократии ташкилот дар мутақобилагӣ бо сохтори ташкилӣ мебошад. Бо хусусияти иерархӣ, идоракунии мутамарказ ва тартиби сахти коргузории фаъолияти кормандон маълум аст. Дар шароити мусоид будани муҳити бозор, муҳити технологӣ ва пешгӯишавандагии тағйироти он самаранок аст. Дар шароити номуайянӣ ноустувор мебошад.
Сохтори мутобиқшавӣ (Adaptive structure) — сохтори ташкилиест, ки барои эҳсоси чандирии тағйирот дар муҳити беруна имконият дода, дар баробари ин, аз сохтори механикӣ фарқ менамояд. Дар шароити номуайянӣ ноустувор аст.
Сохтори сода (Simplistic structure) — яке аз панҷ намуди сохтори гуногуни ташкилот мебошад, ки аз ҷониби Ҳенри Минсберг таҳия гардидааст. Дар он сохтори техникӣ суст инкишоф меёбад, бо хусусиятҳои миқдори ками одамон, тафриқаи зерсохторҳо, иерархияи ташаккулнаёфтаи менеҷмент маълум аст. Якчанд фаъолият дар он мумкин аст расмӣ бошанд ва ин истифодаи ба нақшагирӣ, омӯзиши кормандон ва рушдро тамоман хориҷ менамояд. Ин сохтори маҳдуд аст. Ҳамоҳангсозӣ дар он бо роҳи роҳбарии бевосита сурат мегирад, яъне роҳбар тамоми қарорҳоро назорат менамояд. Муҳити сохтори сода, чун қоида, бо одӣ ва рушдёбандагиаш тафсир мешавад. Бо дарназардошти содагиаш онро як нафар метавонад таҳлил ва тамоми қарорҳоро қабул намояд.
Сохтори ташкилии намуди ихтилотӣ (Conglomerate organization) — яке аз шаклҳои структураи мутобиқшавиест, ки аз ҷониби корпорацияҳои калони дар соҳаҳои гуногун фаъолияткунанда истифода мешавад. Ихтилотҳо дар маҷмӯъ сохтори умумии ташкилотро доро нестанд; дар самтҳои гуногун сохтори шаклҳои гуногун истифода бурда мешаванд.
Сохтори ташкилии функсионалӣ (Functional departmentation) — шакли сохтори ташкилиест, ки дар мутобиқат бо намуди корҳои аз ҷониби зерсохторҳои алоҳида ташкилшуда ба сомон расонида мешавад.
Сохтори ташкилӣ (Organizationalstructure) — мувофиқатии мантиқии дараҷаи идоракунӣ ва функционалии соҳаҳое, ки барои ноил гаржидан ба мақсадҳо ташкил гардидаанд.
Статуси рақобатнокии ширкат — нишондиҳандаҳои мавқеи ширкат дар рақобат. Ҳамчун сармоягузории самараноки стратегӣ бо дарназардошти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор