Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
ЛУҒАТИ ТАФСИРИ
Сиёсат (Policy) — тамоюлҳои умумӣ барои амал ва қабули қарорҳое, ки ба ҳадафрасиро осон менамоянд. Номгӯи чораҳо дар соҳаи алоҳида, ки аз тарафи роҳбарияти ширкат амалӣ карда мешавад.
Синергизм (синергия) (Synergy) — самаранокии маҷмӯи қувваҳои гуногун. Бартариҳои стратегист, ки ҳангоми пайваст намудани ду ё зиёда ташкилоти дар ихтиёри як нафарбуда ба даст меоянд. Бартарини синергизм ба тариқи «2 + 2 = 5» нишон дода мешавад, бо тарзи дигар, ҷамъи натиҷаҳои сармоягузории ширкат аз ҷамъи нишондиҳандаи натиҷаҳои зерсохторҳои хоҷагидорӣ баланд мебошад.
Система (System) — маҷмӯи ҷузъҳоест, ки дар қисмҳои ба ҳам алоқаманди сохторӣ якҷоя шуда, ҳар яки онҳо дар тафсири ин маҷмӯъ чизҳои мушаххасро ба амал меоранд.
Системаи пӯшида — сарҳадҳои сахти устувори қайдшуда дорад. Амалҳои он нисбатан аз муҳите, ки системаро фаро гирифтааст, вобаста нест. Дар ин мавриди чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки воридшавӣ ва баромад вуҷуд надорад ва ё ҳолати онҳо бо раванди вақт тағйирёбанда нестанд. Ба амалҳои система танҳо натиҷаҳои тағйироти дохилӣ таъсир мерасонанд. Ба ҳайси системаи пӯшида ширкатҳое ба назар гирифта мешаванд, ки фаъолияти онҳо аз таъсири омилҳои муҳити беруна (сиёсӣ, иқтисодӣ ва демографӣ) камтар вобастагӣ доранд.
Соҳа (Industry) — дар идоракунии стратегӣ маҷмӯи ҳамаи фурӯшандагони ин ё он намуди маҳсулот ё гурӯҳи маҳсулот, ки якдигарро пурра иваз менамоянд.
Соҳаи ҷаҳонӣ (глобалӣ) (Global industry) — соҳае ба шумор меравад, ки мавқеи умумии ширкатҳои рақобаткунанда дар бозори ҷаҳонӣ ба мавқеи онҳо дар бозорҳои минтақавӣ ва миллӣ таъсири назаррас мерасонад.
Соҳибкорӣ (Entrepreneurship) — мафҳуми кӯҳнаи «соҳибкорӣ» дар вақтҳои охир аз сари нав фаъол гардид. Дар «Луғати англисии энсиклопедии Оксфорд» соҳибкор ҳамчун «шахси сарварикунандаи ташкилот ё бизнес бо имконияти гирифтани фоида ва ё зарар» муайян карда мешавад.
Сохтори дивизионӣ (Divisional form) — яке аз панҷ шакли стратегияҳои гуногуне мебошад, ки аз ҷониби Ҳенри Минсберг нишон дода шудааст. Зерсохторҳои онро одатан шуъба, маъмурияти марказиро бошад, офиси асосӣ меноманд. Тақсимоти вазифаҳои оперативии зерсохторҳоро аз якдигар вобаста намегардонанд ва ҳар кадоми онҳо мустақилона фаъолият менамоянд.
Сохтори иерархӣ — сохтори ташкилие мебошад, ки бо гуногунсатҳии идоракунӣ ва миқдори начандон зиёди вазифаҳои идоракунӣ дар ҳар як сатҳ фаҳмида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор