Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
метавонанд ширкатҳои хориҷӣ низ шомил бошанд, вале бартариҳои рақобатноки онҳо аксаран танҳо дар ҳудуди мамлакатҳои ин ширкатҳо фаъолиятдошта маҳдуд карда мешаванд. Ҳамин тариқ, соҳаи байналмилалӣ ҳамчун маҷмӯи соҳа ба ҳисоб меравад (ҳар кадом дар ҳудуди як мамлакат). Аз ин ҷо истилоҳи «рақобати бисёрмиллата» пайдо гардидааст.
Рақобати ҷаҳонӣ (глобалӣ) (Global competition) — шакли рақобати байналмилалӣ мебошад. Дар доираи он мавқеи рақобатии ширкат дар як мамлакат ба мавқеи он дар дигар мамлакатҳо таъсир мерасонад. Дар ин ҷо рақобат дар асоси рақобатҳои ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад. Ширкатҳои рақобаткунанда ба бартариҳои аз фаъолияти дар миқёси ҷаҳон ба миён омада такя менамоянд.
Рефрейминг (Refraining) — тағйироти нигоҳ ва миссияи ташкилот. Ин фаҳмиши он аст, ки ташкилот бояд чиро тасаввур кунад ва ба чӣ бояд ноил гардад.
Самаранокии Ҳоторн (Hawthorne effect) — шартҳоеанд, ки навовариву ҳавасмандӣ ба тадқиқот ё диққати зиёд ба иншоотҳои тадқиқшаванда ҳангоми тадқиқот ба нодурустии натиҷаи мусоид оварда мерасонад.
Сандуқ (маҷмӯъ) (Portfolio) — дар соҳаи бизнес мафҳуми мазкур хеле паҳнгардида ва маъмул аст. Бо мафҳуми васеъ он барои қайд намудани ягон гурӯҳи зерсохтори хоҷагидорӣ низ истифода мегардад. Чунин шарҳдиҳии васеъ аз мафҳуми сандуки саҳмияҳо бармеояд, ки сармоягузориро барои ифода намудани ягон гурӯҳи зерсохтори хоҷагидорӣ дар шакли коғазҳои қиматнок нишон медиҳанд. Фаҳмиши «сандуқ»-ро бо дарназардошти шабеҳияти таъйиноти он барои муайян намудани гурӯҳҳои гуногуни зерсохторҳои хоҷагидорӣ, ки ба ягон соҳибмулк тааллуқ доранд, дар тиҷорат истифода мебурдагӣ шуданд.
Сандуки хоҷагидорӣ (сандуки корпоративӣ, сандуки корбарии фаъол, сандуки навъҳои фаъолият) (Business portfolio) — маҷмӯи самтҳои фаъолияти ташкилот. Дар асоси таҳлили мунтазами корбарии фаъол ширкат бояд муайян созад, ки кадом самтҳои фаъолиятро то кадом дараҷа бояд густариш дод ва кадоми онҳоро бояд қатъ намуд.
Сарфакорӣ дар ҳудуди истеҳсолот (Economies of scale) — мазмуни қонунии иқтисодист, ки мутобиқи он ҷамъи хароҷоти истеҳсоли воҳиди маҳсулот дар марҳилаи дарозмуддат паст мераванд.
Сарфакорӣ дар ҳудуди фаъолият (Economies scope) — мазмуни қонунии иқтисодӣ, ки тибқи он ширкати истеҳсолкунандаи номгӯи васеи маҳсулот ва ё ба навъҳои гуногуни фаъолият сарукордошта аз ҳисоби мутобиқатии зуд ба шартҳои тағйирпазири бозор бартариҳои рақобатро доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор