Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Муҳити макробуруна — маҷмӯи омилҳои ҷамъиятӣ ва табииест, ки ба ҳамаи субъектҳои микромуҳит (сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра) таъсир мерасонад.
Мутамарказ набудани ташкилот (Decentralized organization) — сохтори ташкилие мебошад, ки дар доираи он ҳуқуқи қабули қарорҳо то сатҳи поёнии сохтори идоракунӣ тақсим мешаванд.
Назорати стратегӣ (Strategic controlling) — ҷараёни мушоҳидаи роҳбарии баланд ва фаврӣ нисбати иҷрои стратегия. Дар худ баҳодиҳии стратегияи самтҳои рушди зерсохторҳои хоҷагидории ширкат ва мувофиқатии фаъолияти онҳо бо стратегияи умумии ташкилотро таҷАССУМ менамояд.
Нуқтаи назар (дидан) (Vision) — ҳолати бизнесе, ки дар марҳилаи ояндаи муайян ҳангоми мавҷудияти шароитҳои мусоид, роҳбарон ва соҳибони ширкат барои расидан ба он кӯшиш менамоянд. Нуқтаи назар ва ё диди ояндаи рушди ширкат хаёлотро аз муайянӣ ба номуайянӣ бо роҳи танзими далелҳои мавҷуда, умеду орзуҳо, хатарҳо ва имкониятҳо таҷассум менамояд.
Омил ва гурӯҳи таъсиррасони стратегӣ — маҷмӯи одамон, ташкилотҳо, корхонаҳоест, ки бо ширкат дар алоқамандӣ қарор мегирад. Инҳо саҳмдорон, истеъмолкунандагон ва ассосиатсияҳои истеъмолкунандагон, иттифоқҳои касаба, воситаҳои ахбори омма, мақомоти ҳокимият, шахсони обрӯманди дохили ташкилот ё аз доираи сиёсатмадорони мамлакатанд, ки ба тақдири ширкат таъсири муайян мерасонанд.
Омилҳои ногаҳонии стратегӣ — ҳолатҳоеанд, ки ба амал омадани онҳо пешгӯӣ кардан мумкин нест ва онҳо рушди муҳими воқеии ширкатро вайрон месозанд. Омилҳои ногаҳонии стратегӣ барои ширкат метавонанд мусоид ва ҳам хатарнок бошанд.
Протседураҳо (Procedures) — амалест, ки дар ҳолати мушаххас бояд он иҷро шавад.
ПЭСТ-таҳлил (PEST analysis) — барои таҳлили тамоюли тағйироти муҳити берунаи ширкат истифода мегардад. Усули мазкур омӯзиши чор гурӯҳи омилҳои асосӣ: сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва технологиро дар назар дорад.
Рақобати бисёриллата (бисермамлаката, бисёрминтақавӣ, бисёрмилли) (Multidomestic, multi country, multi national competition) — яке аз шаклҳои рақобати байнамилалӣ ба шумори меравад, ки рақобат дар ҳар мамлакат ё гурӯҳи начандон зиёди мамлакатҳо бевосита сурат мегирад. Соҳаи баррасишаванда дар бисёр мамлакатҳо вуҷуд дорад, вале дар ҳар як мамлакат рақобат бо роҳи худ меравад. Дар қатори рақобаткунандагон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор