Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Мол-таъвиза (Substitute product) ё мол ивазшаванда - моле, ки ба монандӣ маҳсулоти асосӣ талаботро қонеъ мегардонад, вале бо баъзе хусусиятҳояшон аз он фарқ менамояд.
Монеаҳои баромад (Barriers of exit) — омилҳоеанд, ки барои баромадани ширкат аз соҳа (аз бозор) монеагӣ мекунанд. Ин монеаҳо дар қисми зиёди соҳаҳо барои ба даст овардани даромадҳои дарозмуддат халал мерасонанд. Онҳо воҳидҳои хоҷагидориро маҷбур месозанд, ки дар соҳаҳо фаъолияти худро идома диҳанд, ки ин соҳаҳо даромаднокии паст доранд. Монеаҳои баромад хусусиятҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва эҳсосотӣ доранд.
Монеаҳои даромад (Barriers of entry) — омилҳои монеъшавандаи воридшавии рақибони нав ба соҳа (ба бозор). Эҷод намудани монеаҳо аз шаклҳои мубориза барои ба даст овардан ва нигоҳ доштани бартариҳои рақобат ба шумор меравад.
Мониторинг (Monitoring) — ин тадқиқоти такрорӣ бо сохтори якхелаи интихоб мебошад, аммо дар ҳар як вақт бо иштирокчиёни нав, ки бо усули махсус интихоб мешаванд.
Муносибати ҳолатӣ ба омӯзиши пешсафӣ (Situational approach) — дар амалияи эҳтимолии пешсафӣ заминагузорӣ шуда, муосир аст ва дар амал бисёртар истифода мешавад. Асоси онро раванде ташкил медиҳад, ки интихоби усули роҳбарӣ дар ҷараёни таҳлили ҳолати идоракунӣ онро муайян мекунад.
Муносибати рафтор ба омӯзиши пешсафӣ (Behavioral approach) — бо амалҳои нишондиҳандаи рафтори пешсаф алоқаманд аст.
Муносибати шахсият барои омӯзиши пешсафӣ (Trait approach) — шахсият ва сифатҳои пешсафро меомӯзад. Амалияи пешсафӣ нисбати он ки пешсаф кист, фарқият доранд. Асосан ба пешсаф такя менамояд.
Муҳити берунаи (маркетингӣ) ташкилот (External marketing environment) — маҷмӯи қувваҳо ва шахсонест, ки берун аз ташкилот фаъолият менамоянд ва муҳити мазкур бо онҳо дар фаъолияти ҳаррӯза ва стратегӣ сару кор дошта, онҳо дар навбати худ барои рушд ва нигоҳ доштани муносибатҳои мусоид бо мизоҷон таъсир мерасонанд.
Муҳити берунаи соҳа (Industry environment) — омилҳо, шароит, қувва ва субъектҳое, ки ба вазъи соҳа аз берун таъсир мерасонанд ва онҳо ба соҳаи мазкур мансуб нестанд.
Муҳити дохилии ташкилот — маҷмӯи тамоми омилҳои дохилиест, ки равандҳои фаъолияти ташкилотро муайян менамоянд. Муҳити дохилии ширкат, ки дар он қарорҳои муҳархас нисбати ба роҳ мондани бизнес қабул карда мешаванд, новобаста аз сохтори ташкилии ширкат ҳамчун куллӣ шарҳ дода мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор