Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳамаи шаклҳои фаъолият паҳн мегарданд, аммо, пеш аз ҳама, нисбати масъалаҳои банакшагирӣ ва маблағгузорӣ маҳдуд мебошанд.

Марҳилаҳои ҳаётбахш (фаъол)-и система (System life cycle) — марҳилаҳои рушди пай дар пайи сифатан фарқкунанда ба шумор меравад, ки дар тӯли давраи фаъолият система аз онҳо мегузарад.

Матритсаи тавозуни марҳилаҳои ҳаётӣ — яке аз тарзҳои танзими рушди ояндаи наздик ва дури мавзеъҳои хоҷагидории стратегӣ мебошад. Матритса аз ду қисм иборат аст: қисми якум мавқеи минтақаҳои гуногуни хоҷагидориро дар мувофиқа бо статуси рақобатнокии онҳо ва марҳилаи ҳаёт дар марҳилаи кӯтоҳмуддат ва қисми дуюм бошад, ин омилҳоро дар марҳилаи дарозмуддат мефаҳмонад.

Менеҷмент (Management) — шакли фаъолияти касбиест, ки бо роҳи истифодаи самараноки захираҳои моддию техникӣ барои ноил гардидани ширкат ба мақсадҳои ниҳоӣ равона гардидааст. Истилоҳи «менеҷмент» танҳо барои идоракунии ҷараёнҳои иқтисодӣ дар сатҳи ширкати дар шароитҳои бозор фаъолияткунанда истифода мешавад.

Микромуҳити беруна — дар худ маҷмӯи субъект ва омилҳоеро дар бар мегирад, ки ба имконияти хизматрасонии истеъмолкунандагони ширкат (рақибон, интиқолдиҳандагон, миёнаравҳо, мизоҷон ва ғайра) таъсир мерасонад. Микромуҳити беруна ва муҳити дохилии ширкат микромуҳитро ташкил медиҳанд.

Миссия (таъйиноти стратегӣ, таъйинот) (Mission) — мақсади асосии умумии мавҷудияти ташкилот, сабабҳои аниқи фаъолият ва таъйиноти он мебошад. Пеш аз ҳама, аз нуқтаи назари баланд бардоштани нақши иҷтимоии ташкилот ташаккул меёбад. Миссияи корпоративӣ (миссияи хоҷагӣ, концепсияи бизнес) имконияти бо бизнес машғул буданро тавсиф медиҳад, ки ширкат бо назардошти талаботи бозор, хусусияти истеъмолгарон, махсусияти маҳсулот ва мавҷудияти афзалиятҳои рақобатнокӣ ба он тамоил дорад. Концепсияи миссияи корпоративӣ ин унсури муҳими заминаи идеологии ташаккули ташкилот мебошад.

Модел (Model) — нишондиҳандаи шакли ашё, система ва ё ғояҳо дар шакли инъикускунандаи ҳолати он ва худи ашё мебошад. Моделҳо аҳамияти калон доранд, зеро онҳо барои нигоҳи воқеии шароит фароҳам оварда, имкониятҳои диди муносибатҳои дохилии ширкатро зиёд мегардонанд.

Модели ҳолати стратегии ширкат — куби стратегӣ. Инъикоси графикии фазои ширкат дар системаи сеқаратаи координатҳоест, ки дараҷаи ҳисобдории фаъолияти иқтисодӣ, сиёсӣ ва ташкилиро муайян месозад.

пешина
аз 469
навбатӣ