Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИ

дошта, барои амалӣ гаштани фаъолияти ташкилот фазои мусоидро фароҳам меоранд. Сарҳадҳои фаъолият ва рафторро дар ташкилот муқаррар менамоянд ва дар ин замина фаъолияти ташкилотро барои амалӣ гардидани стратегияи он равона месозанд.

Мавзеъҳои захираҳои стратегӣ — дар мафҳуми васеъ онҳо сарчашмаҳои ҷаҳонии захираҳои табиӣ, молиявӣ, инсонӣ ба шумори мераванд, ки ҳангоми таҳияи нақшаҳои стратегӣ ба инобат гирифтани онҳо зарур аст. Дар фаҳмиши маҳдуд бошад, ин сарчашмаҳои захираҳои инфиродӣ барои ҳар як ширкат ба шумори мераванд. Бо дарназардошти моли аз ҷониби ширкат истеҳсолшаванда захираҳои стратегӣ метавонанд гуногун бошанд.

Мавзеъҳои стратегияи хоҷагидорӣ — ҷузъи алоҳидаи муҳитст, ки ширкат метавонад ва мехоҳад даромад гирад. Бо махсусияти навъҳои талабот ва муайян намудани технологияҳо тафсилот карда мешавад.

Маданияти иттиҳодияҳо, маданияти ташкилӣ (Corporate culture, organisational culture) — фазо ё муҳити иҷтимоӣ дар ташкилот. Маҷмӯи камбудиҳо, бовариҳо, арзишҳо ва меъёрҳоест, ки байни аъзоёни ташкилот тақсим шудаанд.

Мақсад (Objective) — ҳолати ниҳоии мушаххас ё натиҷаи хулосавиест, ки гурӯҳ якҷоя кор карда, мехоҳад онро ба даст орад.

Мақсадҳои молиявӣ (Financial objectives) — барои ноил гардидан ба натиҷаҳои калидӣ ба баландшавии нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуддати молиявӣ алоқаманд мебошанд.

Мақсадҳои стратегӣ (Strategic objectives) — нақшаҳои стратегияи ширкатро нишон медиҳанд, ки маънии дар бозор мавқеи муносиб пайдо намуданро доранд. Барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас ва ба тартиб даровардани мавқеи ширкат дар ояндаи дур равона гардидаанд.

Манфиатнокии сармоягузорӣ (Return on investment - ROI) — нишондиҳандаи самаранокии фаъолияти сармоягузории ширкатро нишон медиҳад, ки мутобиқи он ширкат барои ба даст овардани даромад ва барои рӯпӯш намудани хароҷоти худ фаъолияти худро амалӣ менамояд. Нишондиҳандаҳо баъди пардохти андозҳо муносибати даромади миёнаи солонаро бо нишондиҳандаҳои сармоягузорӣ ба ҳисоб мегиранд.

Маҳфилҳои сифат (Quality circles) — ташкили гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандоне, ки вазифаҳои кории якхела доранд. Чунин маҳфилҳо одатан мунтазам гузаронида мешаванд ва ихтиёрӣ амалӣ мегарданд.

Маркази даромадҳо (Profit centers) — шӯъбаҳои истеҳсолӣ ҳамчун воҳидҳои мустақили хоҷагидорӣ барои натиҷаҳои фаъолияти худ ва дар ҳадди ниҳоӣ барои гирифтани фоида масъулиятнок мебошанд. Шӯъбаҳои мустақиди истеҳсолӣ, ки «марказҳои даромад» номида мешаванд, ба

пешина
аз 469
навбатӣ