Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
-
Мактаби соҳибкорӣ («артист») ба мактаби такмилдиҳӣ наздик
аст. Ҷавҳари он, пеш аз ҳама, дар диди инфиродӣ ва нодири стратегия
аз ҷониби роҳбарияти ширкат мебошад. Фаҳмиши комили диди худ ва
малакаи тағйир додани он вазифаи амалии соҳибкор мебошад. Вазифаи
ин мактаб бошад, аз таснифоти намунаҳои гуногуни рафтори соҳибкорӣ,
ки муносибати интуитивиро талаб менамоянд, иборат аст; -
Мактаби муҳити беруна («ҷарроҳ») ба ҷараёни ташаккули стратегия ҳамчун ҷараёни «шиносоӣ», такмилдиҳии омилҳои ҳолат ва
мутобиқшавии саривақтии ташкилот ба ин омилҳо муносиб аст; -
Мактаби инъикосной («геолог») менеҷменти олиро барои
ҷустуҷӯи мавқеи нисбатан мусоиди бозорро дар робита ба ҳолати умумии
иқтисодии мамлакат, соҳа таҳлили рақибон, интиқолдиҳандагон, харидорон ва молияванкунандагон роҳандозӣ месозад. Комёбӣ дар интихоби
мавқеъ мутобиқи нишондоди ин мактаб муваффақиятро дар рақобат
муайян месозад. Аммо барои интихоби бобарори мавқеъ бояд тадқиқоти
заминавиро аз нуқтаи назари ҳавасмандҳо ва сифатҳои ташкилот амалӣ
ва сипас мониторинги мунтазами онро бояд таъмин намуд; -
Мактаби «парда» вазифаҳои маҳдуди менеҷменти стратегиро ҳал менамояд ва барои дигар илм ва соҳаҳои ҳаёт, «туҳфа»-и амалия ва таҷрибаи менеҷменти стратегӣ ба шумор меравад.
Мактаби сенариягӣ (рассом) нисбатан ҷолибтар аст. Вазифаҳои худро ин мактаб дар васеъ намудани фазои қарорҳо, дар ҳолати тағйир ёфтани ҳолатҳо мебинад, ки метавонанд қоидаи бозиро дар соҳа, минтақа, мамлакат ва дар ҷаҳон иваз намоянд. Ба назар чунин мерасад, ки аз нуқтаи назари банақшагирии стратегӣ вазифаи шахсӣ, дар ҳақиқат, муҳим аст.
Стратегияҳои нодуруст ба он самте роҳандозӣ мегарданд, ки воқеаҳои нав он самтҳоро нишон медиҳанд. Сенарияҳо бошанд, барои тез дарк намудани воқеаҳои нав ва вобаста ба онҳо роҳнамои сохтани ташкилот кумак мерасонанд;
-
Мактаби шаклӣ («коллекционер») ба идентификасияи муносибати мушаххаси стратегӣ, ки аз ҷониби ин ё он мактаб пешниҳод
мешавад, равона гардидааст. Аммо ба ҳисоб гирифта мешавад, ки агар
ташкилот ё муҳити он ба таври назаррас тағйир ёфта, бошад, бояд фавран консепсияи стратегиро тағйир додан лозим аст; -
Мактаби банақшагирӣ («архитектор») сарбастагиро мемонад. Ин
сарбастагии муносибати расмию мантиқӣ нисбати ташкили стратегия
мебошад; -
Кӯшиши дидани муносибатҳои нав барои ташаккули стратегия амалӣ карда мешаванд. Ин муносибат бояд усулҳои мактаби сенариягӣ, таъйиноти асосии мактаби соҳибкорӣ, фарзияҳои ибтидоии мактаби маданият, мактаби когнитивӣ ва мактаби инъикосномоиро таҳлил намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор