Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 16. ХУСУСИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР ТҒТ

Стратегияи АМХДФ
SWOT-ТАҲЛИЛИ АМХДФ

ТАРАФҲОИ ПУРҚУВВАТ АМХДФ – бизнес-ассосиатсияи ягонаи ҷумҳуриявӣ дар сектори кишоварзӣ мебошад, ки қариб 16500 ХДФ-ро муттаҳид мекунад; Дар вилоятҳо ва НТҶ шуъбаҳо дошта, дар назди АХДФ 18 маркази ахборотию маркетингӣ ва 7 маркази ҳуқуқию машваратӣ дар ҳама минтақаҳои мамлакат амал мекунанд; Мавҷудияти Стратегияи рушди АМХДФ барои рушди мушоҳидашаванда; Мавҷудияти ташкилоти молиявии хурди «Фермер» дар назди АМХДФ; Мавҷудияти нашриёти хусусӣ бо интишори мунтазами маҷаллаи «Фермер»; Робитаҳои хуб бо дигар ассосиатсияҳо ва ТҒД-и ҷумҳурӣ; Таҷрибаи гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ, ташкили вохӯрӣ ва конфронсҳои байниминтақавӣ барои таҳияи дархостҳои лоиҳавӣ.

ТАРАФҲОИ ЗАИФ Дар натиҷаи таҷдид бо сабаби қарзҳои ХДФ заифии манбаъҳои молиявии дохилӣ; Тайёрии нокифояи касбии кормандони ассосиатсия; Самаранокии пасти сиёсати амалигардидаи фермери оид ба мавқеи сусти муттаҳидкунандаи АМХДФ; Низоми сусти таъсири мутақобила ва алоқаи мутақобила бо зинаҳои поёнии АМХДФ ва ХДФ; Набудани низоми танзимшудаи мониторинг, татбиқи қарорҳои стратегии қабулшуда ва чорабиниҳои гузаронидашуда.

ИМКОНИЯТҲО
Такмилдиҳии қонунгузорӣ дар соҳаи
кишоварзӣ ва ислоҳоти замин барои
беҳтаркунии муҳити тиҷоратӣ дар деҳот;
Босуръат гардонидани таъсири мутақобила бо ташкилотҳои давлатӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ, инчунин беҳтаркунии
мутобиқати фаъолият бо ташкилотҳои
байнамилалӣ ва донорҳо;
Босуръат гардонидани иқтидори ҳайати
кормандон ва такмилдиҳии сохтори ташкилии АМХДФ, васеъкунии узвият ва
шабакаи ИМЦ дар тамоми қаламрави
давлат;
Ташаккул ва гузаронидани сиёсати ягонаи фермерӣ доир ба масъалаҳои асосии ба баландшавии сатҳи даромаднокии
ХДФ ва пасткунии камбизоатӣ равонашуда;

ХАТАРҲО Даҳолати ташкилотҳои давлатӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба фаъолияти хоҷагидории ХДФ; Мавҷудияти қарзҳои соҳаи пахтакорӣ; Қатъ гардидани дастгирии АМХДФ аз ҷониби донорҳо; Мавҷуд набудани равиши самараноки корбарӣ ва ҳавасмандии ХДФ; Нобоварӣ аз сиёсати аграрии гузаронидашуда дар маҳалҳо.

пешина
аз 469
навбатӣ