Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
• Ташкили хадамоти машваратӣ доир ба татбиқи усулҳои пешқадами хоҷагидорӣ бо пешниҳоди хизматрасонии васеи дархостӣ ба фермерон;
• Татбиқи низоми мониторинги гузаронидани чорабиниҳои Стратегия ва алоқаи мутақобила бо зинаҳои поёнии АМХДФ ва ХДФ;
• Истифодаи самараноки иқтидори занон барои гузаронидани чорабиниҳои Стратегия бо роҳи такмили маҳорати гурӯҳҳои зайфи иҷтимоӣ.
Мақсади мазкур ба натиҷаҳои муҳимтарини зерини рушди стратегияи фермерӣ ноилшавиро пешниҳод менамояд:
✓ Тамоюлҳои иқтисодӣ — идора кардани фаъолияти устувори молиявию хоҷагидорӣ, таъмини сатҳи баланди самараноку ва даромаднокии ХДФ; ✓ Тамоюлҳои иҷтимоӣ — паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии деҳот, хусусан минтақаҳои пахтакорӣ; ✓ Тамоюлҳои ҳуқуқӣ — таъмини маҳақҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар доираи қонунҳои амалкунандаи ҶТ, ҳимоя ва пешбарии ҳуқуқ ва ҳавасмандкунии фермерон, инчунин баланд бардоштани сатҳи иттилоотӣ ва саводнокии ҳуқуқии онҳо; ✓ Тамоюлҳои гендерӣ — таъмини баробарии гендерӣ ҳангоми татбиқи Стратегия, кафолати баробарӣ дар самти таъмини имкониятҳо барои занон ва мардон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, ки бо қабули қарорҳо вобаста мебошанд.
Барои ноил гардидан ба мақсад ва нишондиҳандаҳои асосии стратегӣ масъалаҳои асосии зеринро бояд баррасӣ намуд:
• ҳимояи ҳуқуқҳо ва пешниҳоди манфиатҳои иқтисодии аъзоёни Ассосиатсия ба маҷлиси шӯро ва дигар сохторҳои ҳукуматӣ;
• такмилдиҳии низоми дастгирӣ ва ҳавасмандкунии ХДФ;
• бизнес-тренингҳо барои аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), соҳибкорон, ассосиатсияҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ;
• иҷрои фаъолияти лизингӣ, дастгирии навовариҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
• тадқиқоти маркетингии бозори хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорон;
• беҳтаркунии дастрасии ХДФ ба бозорҳои захираҳои моддию техникӣ, хизматрасонӣ, озуқаворӣ ва кишоварзӣ;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор