Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
номбаршудаи сохтори идоракунии ташкилотҳо дар натиҷа (бо назардошти самараи синергетикӣ) ба беҳтаршавии фаъолияти идоракунии ТҒТ оварда мерасонад.
16.3. СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ТҒТ
Стратегияи рушди бизнес-ассосиатсияҳо
Дар шароити имрӯза мутаҳҳид кардани сохтори соҳибкорӣ дар Тоҷикистон барои ҳимоя ва пешниҳоди муштараки манфиатҳои онҳо зарур аст. Дар ҳолати ҳозира дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 ассосиатсияҳо ба қайд гирифта шуда, амал карда истодаанд. Барои ассосиатсияҳо масъала ва вазифаҳои аввалиндараҷа аз ҳалли масъалаи боварӣ байни соҳибкорон ва давлат иборат мебошад. Аз тарафи соҳибкорони Тоҷикистон фаҳмиши кофии муҳимӣ ва зарурати ассосиатсия ҳамчун институти ҷамъиятӣ барои муҳофизати манфиатҳои бизнес дарк карда намешавад.
Вобаста ба нишондиҳандаҳои тадқиқоти ташкилотҳои байналмилалӣ, қариб 85% ҳамаи намояндагони бизнеси Тоҷикистон аъзои ягон ассосиатсияи амалкунанда нестанд. Миқдори зиёди соҳибкорон ба ассотсиасияҳо ё боварӣ надоранд ва ё имконияти ҳимояи манфиатҳои худро намедонанд. Бо вуҷуди ин, тахмин кардан мумкин аст, ки соҳибкорони фаъолтарин дар ҳаёти ҷомеа на бештар аз панҷ-шаш ассосиатсияҳоро медонанду халос.
Миссияи Ассосиатсияҳо аз он иборат аст, ки бо манбаи узвияти вассь ва шабакаи инфрасохтор, зоҳиркунандаи мавқеи мустаҳками фермерон оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, таъминкунандаи таъсири мутақобилаи самаранок бо ташкилотҳои идоракунии давлативу ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва ҳамкории манфиатноки мутақобила бо ташкилот ва лоиҳаҳои байналмилалӣ бизнес-ассосиатсияи нисбатан муттаҳид ва устувори Тоҷикистон гардидан аст.
Мақсади стратегии рушди АМХДФ аз муттаҳид намудани кӯшишҳои Ассотсиатсияҳои фермерӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ барои пешниҳоду муҳофизати боэътимоди ҳуқуқҳо ва манфиати фермерону соҳибкорон дар деҳот, мустаҳкамӣ ва тақвияти таъмини озуқавории мамлакат бо роҳи рушди фаъол ва устувори фермерӣ аз ҳисоби бартариҳои босуръати омилҳои инкишоф, азхудкунии илм ва технологияҳои олӣ, техникаи тараққикарда, менеҷменти пешрафта ва низоми маркетинги муосир, паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот иборат мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор