Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 16. ХУСУСИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР ТҒТ
баланд бардоштани сатҳи тахассусии роҳбарияти ТҒТ – намоян- дагони ташкилотҳои олӣ ва иҷроиявии инҳо; дар амал истифода намудани принсип ва усулҳои нави кор бо ташкилотҳои давлатӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ, шарикони имкон- пазири рушд, ташкилотҳои хориҷӣ, ВАО, сохторҳои тиҷоратӣ ва шахсони воқеӣ (иштирок дар мусобиқаҳое, ки аз тарафи давлат ва мақомоти маҳаллӣ фармоиш мешаванд, таҳияи лоиҳаҳо, истифодаи технологияҳои файндрайзинг – ҷалби воситаҳо ба ТҒТ ва ғайра).
Якумаш нест
Шарти дуюм – истифодаи бартариҳои махсуси иловагии ТҒТ (мав- чудияти имтиёзҳои андоз, ҷалби аъзоёни нав ба ташкилотҳои тиҷоратӣ, мададгорони ихтиёрии онҳо ва ғайра).
Сеюм – рушди фаъолияти соҳибкорӣ, ташкили қисмҳои нави муносиб, тағйирдиҳии сохтори идоракунӣ ва такмилдиҳии малакаи соҳибкорӣ. Ин бо он алоқаманд аст, ки нишонгирӣ танҳо ба сарчашмаҳои берунаи ташаккули сохтори даромадҳо, ки ТҒТ-ро суст ва ноустувор мекунанд, равона гардидааст.
Чорум – ҷалб намудани диққат барои истифодаи иқтидори зеҳнии ҳайати кормандони ташкилот, кӯшиш ба идоракунии инсонпарварона; на танҳо ба тавсияҳои қатъии илмӣ, балки босуръат истифодабарии маҳорати эҷодӣ ва навоварӣ асоснок намудани стратегия ва тактика.
Панҷум – баҳисобгирии талаботи нави шароитҳои муосири гузариш ба бозор: зарурати баланд бардоштани сифати мол ва хизматрасониҳо, офаридани намуди зоҳирии муносиби ташкилот, риояи одоби расмӣ, барқарор кардани алоқа бо ҷомеа (PR) ва ғайра.
Дар интиҳо, ба сифати меъёрҳое, ки мутобиқи онҳо баҳогузории татбиқи амалии стратегия иҷро мегардад, аз ҷумла инъикоси нишондодҳои сифатӣ ва миқдорӣ, ки дар асоси омилҳои асосии муваффақияти ташки- лотҳои ғайритиҷоратӣ (сатҳи тахассусии ҳайати кормандон, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҳукуматӣ, ташкили бизнес, робита бо ТҒТ-ии дигар, бо ВАО; сатҳи сифати молҳо (хизматрасониҳо), истифодаи меҳнати сафар- баршудагони ихтиёрӣ, миқдори барномаҳои бомуваффақият татбиқшуда ва ғайра) истифода мегарданд.
Бинобар ин, такмили идоракунии фаъолияти ТҒТ дар асоси истифодаи идоракунии стратегия, иваз намудани диққати роҳбарият бо назардошти талаботи муҳити беруна, истифодаи муносибатҳои илмӣ ба ташкили идоракунӣ, тағйирдиҳии фаъолияти мақомоти олӣ ва ҳокимиятҳои иҷроия, раванди қабули қарор, сифати алоқаҳои дохилӣ ва беруна, амалкунии ҳама зернизомҳои идоракунии фаъолияти сохторӣ ва соҳибкории ТҒТ амалӣ мешавад. Сифатан беҳтар намудани ҳар яке аз ҷузъҳои таркибии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор