Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мекунад, ки аъзоёни Шӯро доимо «дар зери пойҳои онҳо мепечанд». Дар навбати худ, аъзоёни Шӯро арз мекунанд, ки иҷрокунандагони асосии вазифаи директор функцияҳои онҳоро ба зӯрӣ аз худ кардаанд. Ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ на иҷрокунандаи асосии вазифаи директор ва на Шӯрои директорон «сардор» шуда наметавонанд. Онҳо бояд ҳамкор бошанд ва барои комёбшавӣ ба мақсади ягона амал намуда, вазифаҳои гуногунро иҷро намоянд. Инчунин маҳз иҷрокунандаи асосии вазифаи директор бояд вазифаҳои шахсии худ ва Шӯрои директоронро муайян намояд.

Барои самаранокии кори Шӯрои директорон бояд функцияҳои ин ташкилотро муҳокима накарда, балки дуруст ташкил намудани фаъолияти онро ба роҳ монд. Ҳоло аксарияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар ИМА, аз он ҷумла даҳҳо коллеҷҳои гуманитарии калон, семинарияи пешбари технологӣ, инчунин як қатор бемористон ва осорхонаҳо ба кор чунин муносибат доранд.

Суст шудани мавқеи Шӯрои директорон дар корпорацияҳои калон ба сустшавии роҳбарии ташкилот оварда мерасонад. Дар натиҷа, доираи муҳиммияти роҳбарӣ барои нишондодҳои бадастомада ва натиҷаҳои кор вайрон мегарданд. Ҳақиқатан, дар байни ширкатҳои калонтарин Шӯрои директороне мавҷуданд, ки натиҷаҳои кори иҷрокунандагони асосии вазифаи директорро таҳлил намуда, онҳоро бо мақсадҳои пешакии ташкилот муқоиса намоянд. Сустшавии мавқеи Шӯрои директорон роҳбарияти олии ташкилотро аз тарафдории самаранок ва бозэътимод дар ҳолати зарурӣ маҳрум месозад. Ин тахминҳо аз он далолат мекунанд, ки ширкатҳо якдигарро меҷабанд ва ин раванд дар солҳои охир бештар такрор мешавад.

Барои ба роҳбарияти ширкат баргардонидани қобилияти идоракунии самаранок бояд самаранокии Шӯрои директоронро барқарор намуда, масъулиятро ба зиммаи иҷрокунандагони асосии вазифаи директор вогузор кард. Барои ин як қатор корҳои муҳимро бояд иҷро намуд. Имрӯзҳо хадамоти дохилии аудит дар аксарият ширкатҳо на салоҳияти тасаввурӣ, балки ҳақиқӣ доранд. Дар як қатор ширкатҳо (ҳақиқатан, дар байни онҳо ширкатҳои бузург ҳоло нестанд) кумита доир ба таъмини давомот ва баландбардории тахассусии роҳбарият амал мекунад, ки бо роҳбарияти олӣ вохӯриҳои доимӣ гузаронида, самаранокии фаъолият ва нақшаҳои ояндаи онҳоро муҳокима менамояд. То ҳол ширкате мавҷуд нест, ки нақшаи кори Шӯрои директоронро таҳия намуда, натиҷаҳои фаъолияти онро таҳлил намуда бошад. Мутаассифона, имрӯзҳо танҳо баъзе ширкатҳо азхудкунии таҷрибаи TFT-ро доир ба омӯзиши ҳар як аъзои нави Шӯрои директорон оғоз карда истодаанд.

Дар интиҳо қайд кардан зарур аст, ки шарти муҳими истифодаи самараноки идоракунии стратегии TFT чунин аст:

пешина
аз 469
навбатӣ