Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Захираҳое, ки TFT истифода мекунад, доимо маҳдуд ва камчин мебошанд. Бинобар ин, баҳои самаранокии фаъолияти маъмурият аксаран бо маҳорати пайдо кардани сарчашмаҳои нави вориди захираҳо, бештар молиявӣ алоқаманд аст. Бо вуҷуди ин, бартарии масъалаи захиравӣ дар идоракунӣ барои ташкилотҳои тиҷоратӣ мансуб буда, дар ҳолати фаъолияти TFT ба суст гардидани сатҳи таваҷҷуҳ барои фаъолияти ҷорӣ, фаврӣ ва мақсадҳои стратегии баёншуда оварда мерасонад. Масалан, ташкилоти ҷамъиятӣ (Маркази барқароркунии нашъамандон) ба ихтисори онҳо ҳавасманд нест, чунки маблағгузории фаъолияти ташкилот (Марказ) аз шумораи нашъамандони табобатгиранда вобаста аст.
- Муносибат аз мавқеи стейкхолдерҳо ба баҳодиҳии самаранокии TFT барои бартараф намудани маҳдудияти се муносибати аввала кӯшиш менамоянд. Дар ҳолати мазкур самаранокӣ чун қобилияти қонеъгардонии талабот ва интизории максималии стейкхолдерҳои ташкилот — сарпарастон, намояндагони ҷомеа, ташкилотҳои экологӣ, ҷамоати калисо, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ғайра муайян карда мешаванд. Чунин ифодаи самаранокӣ барои ташкилотҳои маҳаллӣ (масалан, идораҳои ноҳиявӣ) бисёр ташкилотҳои идоракунии давлатӣ, иттиҳодияҳои умумио сиёсӣ ва як қатор ташкилотҳо ба сифати мақсади асосӣ ба манфиати ҷомеа хизмат расониданро инъикос менамоянд. Ташкилотҳо бо чунин муносибат ба мафҳуми самаранокӣ, одатан, дар муайян намудани мақсадҳои иерархӣ танкисӣ мекашанд, ки муносибат бо стейкхолдерҳоро равшан мекунад ва дар навбати худ бо ивазшавии муваққатии дараҷаи муҳиммияти онҳо тавсиф мешавад. Стратегияи TFT дар ин ҳолат барои муайянкунии мақсадҳои афзалиятнок равона шуда, стратегияи муносиби маҷбурӣ номида мешавад. Агар ташкилот ба қонеъгардонии манфиатҳои стейкхолдерҳои беруна диққатро равона намояд, пас ин ба беэътибории талаботи муносибати равандӣ оварда мерасонад ва муҳити дохилии ташкилот вайрон мешавад. Бинобар ин, исбот намудани он ки манфиатҳои стейкхолдерҳои дохилӣ ҳангоми банақшагирӣ ва татбиқи стратегияи TFT аҳамият надорад, нодуруст аст.
Якҷоякунии ин талаботи муқобил ҳангоми банақшагирии стратегия имконияти идоракунии манфиатҳо ва рафтори стейкхолдерҳои дохилиро ифода карда, манфиати стейкхолдерҳои берунаро танҳо эҳсос намудан лозим аст.
Азбаски Шӯрои директорҳо дар TFT аз одамони фаъол ва ба кор ҳавасмандбуда таркиб ёфтааст, муносибат байни Шӯро ва иҷрокунандаи асосии вазифаи директор дар чунин ташкилотҳо баъзан мураккаб ва ҳатто шиддатнок мешавад. Иҷрокунандаи асосии вазифаи директор баъзан шикоят

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор