Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

ПРИНСИП ВА САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ РУШД Тартиботи мазкурро ба ҳайси принсипҳои асосии рушди ҷамоати «Роҳатӣ» қабул кардан мумкин аст:
Маҷмӯӣ. Стратегия тамоми намуди фаъолияти хоҷагидориро, ки барои аҳолии деҳот даромад меорад, иҷозат медиҳад, танзим мекунад ва ҳавасманд мегардонад.

Шаффофият. Раванди муҳокима, қабул ва татбиқи Стратегия, натиҷаҳои бадастомада ва муаммоҳои мавҷуда тавассути рӯзномаҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ инъикос гардида, дар мизҳои мудаввар ва вохӯриҳо бо аҳолии ҷамоатҳо баррасӣ карда мешаванд.

Ширкати васеи аҳолӣ. Дар ҷараёни татбиқи стратегия дониш, таҷриба ва пешниҳодҳои аҳолӣ оид ба роҳҳои самараноки таъмини шуғли аҳолӣ ва гирифтани даромад бо дарназардошти махсусиятҳои рафтори иқтисодию иҷтимоии гурӯҳҳои гуногуни аҳолии деҳот истифода бурда мешаванд.

Такя ба захираҳои маҳаллӣ. Дастовардҳои мақсадноки стратегия, пеш аз ҳама, аз ҳисоби сафарбаркунии захираҳои маҳаллии молиявӣ ва моддию техникии маҳаллӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолии деҳот таъмин карда мешаванд. Онҳо барои ташкили механизмҳои устувори таъминоти шуғли аҳолӣ ва ба даст овардани даромаднокӣ аҳамияти муҳим доранд. Аз ҷониби дигар, ин раванд истифодаи сарчашмаҳои берунаи захираҳоро низ ба эътибор мегирад.

Дар ин замина барои татбиқи самараноки принсипҳои зикргардида бояд махсусиятҳои минтақавии рушди хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва фаъолияти фермерӣ, махсусан масъалаҳои маблағгузории кишоварзӣ, дастрасии ҳақиқии фермерҳо ба замин, захираҳои моддию техникӣ, инчунин фаъолияти озоди соҳибкорӣ ва дахолат накардани ҳукуматҳои маҳал ба фаъолияти хоҷагидории хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ба инобат гирифта шаванд.

ВАЗИФАҲО:

  1. Самтҳои афзалиятноки рушди ҷамоати «Роҳатӣ»-и ноҳияи Рӯдакиро дар ояндаи наздик ва номгӯи чорабиниҳоро барои баланд бардоштани сатҳи даромаднокии хонаводаҳо муайян намоед.

  2. Раванди таҳия, муҳокима ва қабули стратегияҳои алтернативии рушди ҷамоати «Роҳатӣ»-ро такмил диҳед.

  3. Сохтори самараноки мониторинги ҷараёни татбиқи стратегияро пешниҳод ва асоснок намоед.

  4. Дар асоси киносноман стратегияи рушди ҷамоати «Роҳатӣ» презентатсияи амалиро барои мақомоти болоии ҳокимияти давлатӣ омода намоед.

пешина
аз 469
навбатӣ