Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 15. СТРАТЕГИЯИ РУШД ДАР ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

Муҳлати баррасӣ — ноябр – декабри соли 2009
Мӯҳлати татбиқи стратегия — солҳои 2010-2015
Мундариҷаи Стратегия

ХУЛОСА ВА НИГОҲИ СТРАТЕГӢ МУҚАДДИМА 1. Муаммоҳои асосии рушди ҷамоати «Роҳатӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ.
2. SWOT – таҳлили ҳолат ва дурнамои рушди ҷамоати «Роҳатӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ.
3. Принцип ва самтҳои афзалиятноки рушди ҷамоати «Роҳатӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ.
4. Беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва шароитҳои иҷтимоӣ.
5. Системаи чораҳо оид ба баланд бардоштани даромаднокии хонаводаҳо.
6. Ташкил ва рушди инфрасохтори иҷтимоию истеҳсолии деҳот.
7. Механизмҳои татбиқи стратегия.
8. Идоракунии раванди татбиқи стратегия ва мониторинги он.

ЗАМИМАҲО Замимаи № 1. Тафсилоти мухтасари ҷамоати «Роҳатӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ.

Замимаи № 2. Қолиби чорабиниҳо (Нақшаи амалиёт) оид ба татбиқи стратегияи рушди ҷамоати «Роҳатӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ.
Ғояҳои асосии стратегияи рушди ҷамоати «Роҳатӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар он инъикос меёбад, ки худи ҷамоатҳои маҳал ва аҳолӣ бояд иштирокчӣ ва саҳмгузорони асосӣ бошанд. Дар ҷараёни татбиқ ва мониторинги лоиҳа маҳз сафарбаркунии онҳо, инчунин истифодаи захираҳои дохилии рушд барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас мусоидат менамояд.

Мақсади умумии нақшаи стратегии рушди ҷамоати «Роҳатӣ» дар панҷсолаи наздик аз ташаккули воҳиди худкифояи ҳудудию маъмурӣ – яке аз беҳтаринҳо дар водии Ҳисор ва мамлакат иборат аст.

Стратегияи мазкур аз ду марҳила иборат аст. Марҳилаи якум ду соли татбиқи стратегияро дар бар гирифта, мақсадҳои кӯтоҳмуддат ва номгӯи чорабиниҳоро оид ба тақвияти иқтидори ташкилӣ ва институтсионалии ҷамоатҳои деҳотро инъикос менамояд. Марҳилаи дуюм бошад, се соли баъдинаро дар бар гирифта, татбиқи марҳилавии вазифаҳои дарозмуҳлат ва муаммоҳои рушди ояндаи ҷамоати «Роҳатӣ»-ро дар бар мегирад.

пешина
аз 469
навбатӣ