Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 15. СТРАТЕГИЯИ РУШД ДАР ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
Ислоҳоти сохтори идоракунии давлатӣ барои иҷрои вазифаҳое равона гардидаанд, ки ғояи асосии онҳо аз тақсими вазифаҳои стратегӣ, иҷроия ва назорат иборатанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдори таҷдиди демократӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ буда, барои ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ заминаи устувор гузошта метавонад.
Аз ҷониби дигар, вазифаи танзимкунандаи давлатӣ на ҳама вақт бо принсипҳои демократӣ ва рушди ноустувори бозор ҳамоҳанганд.
Вазорат ва ташкилотҳои алоҳида вазифаҳои хоҷагидории худро нигоҳ доштанд ва даҳолати мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба фаъолияти хоҷагидорон то ҳанӯз боқӣ мондааст. Ҳайати мушовараи вазорату ташкилотҳо василаи қабули қарорҳои маҷмӯӣ ва коркарди қарорҳои стратегӣ нагардиданд ва аз ҷониби онҳо истифодаи тарзҳои банақшагирии стратегӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Дар бисёр мавридҳо қарорҳои қабулшуда аз ҷониби ташкилотҳо ба манфиатҳои миллӣ муҳолифат мекунанд.
Барои ҷамъият қарорҳои қабулгардида аз ҷониби мақомоти давлатӣ то ҳанӯз мураккаб буда, шаффоф нестанд ва механизмҳои самараноки назорати шаҳрвандӣ аз рӯи фаъолияти онҳо мавҷуд нест. Ба ташкили мақомоти машваратӣ дар сохтори рушди миллӣ нигоҳ накарда, фаъолияти фаъоли он ба назар намерасад ва мавқеи институтҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ дар қабули қарорҳои давлатӣ нокифоя аст.
Стратегияи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи солҳои 2013-2015
Самтҳои бартариноки мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ дар доираи СРМ дар марҳилаи то соли 2015 омилҳои зеринро дар бар мегиранд:
• Дар асоси принсипҳои демократӣ ва талаботи бозори иқтисодӣ мукаммалгардонии системаи идоракунии давлатӣ;
• Бо роҳи шаффоф, ҳисоботдиҳӣ ва кушод баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатии молиявӣ;
• Коркарди системаи чораҳои зиддикоррупсионӣ ва паст намудани сатҳи коррупсия;
• Рушди хадамоти давлатии муосири касбӣ;
• Беҳтар намудани идоракунии ҳудудию маъмурӣ;
• Баланд бардоштани иқтидори мақомоти маҳаллӣ ва худидораи маҳаллӣ;
• Тақвияти мавқеи ҷомеа ва бизнес дар қабул ва иҷрои қарорҳои давлатӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор