Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар доираи СРМ барои солҳои 2012-2015 бо мақсади бартараф намудани муаммоҳои мавҷудаи соҳаи идоракунии давлатӣ чорабиниҳои зерин амалӣ карда шуданд:
татбиқи ҷузъҳои таркибии ҳокимияти электронӣ вусъат дода шуд;
мавқеи ҳайатҳои мушовараи вазорату ташкилотҳо дар қабули қарорҳои дахлдори маҷмӯи стратегӣ тақвият дода шуда, барномаҳои мақсадноки идоракунӣ ва банақшагирии буҷет дар амал татбиқ шуданд;
сохтори танзими давлатӣ, аз ҷумла назорати ғайримустақими танзим ва назорат беҳтар гардид;
даҳолати давлатӣ ба фаъолияти хоҷагидорон бартараф карда шуд;
ҷараёни маъмурию идоракунӣ бо мақсади баланд бардоштани идоракунӣ таҷдид ва хароҷоти маъмурӣ кам карда шуданд;
масъулиятнокӣ ва шаффофияти идоракунии давлатии молиявӣ баланд бардошта шуд;
сифати омода намудани хизматчӯёни давлатӣ дар ҳама сатҳҳои идоракунӣ баланд гардида, сохтори пардохти музди меҳнати онҳо мукаммал карда шуд;
сохтори омода намудани кадрҳои соҳибмалакаи идоракунӣ мукаммал гардида, стратегияи самараноки зиддикоррупсионӣ барои хизматчиёни давлатӣ таҳия карда шуд;
сохтори идоракунии захираҳои инсонӣ, ки дар баланд бардоштани ҳавасмандӣ ва барҳам додани коррупсия асоснок шудаанд, таҷдид гардид;
механизмҳои ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ тақвият дода шуданд;
шаффофияти фаъолияти ҳокимияти давлатӣ барои назорати самараноки ҷамъиятӣ ва ширкат дар онҳо таъмин карда шуд.

Дар ҷараёни татбиқи СМР чунин камбудиҳои муайян ошкор гардиданд:
Як қатор ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва фискалии самти стратегидошта мавҷуданд. Дар баробари ин, ҷараёни кафолатдиҳандаи оқибатҳо, мувофиқакунонӣ, татбиқ ва мониторинги он вуҷуд надорад. Ин ҳам ба “сиёсати стратегӣ” (СМР, СПСК) ва ҳам ба стратегияи секторӣ ва “стратегияи маблағгузорӣ” (СБД, буҷет, маблағҳои донорҳо ва ғ.) дахл дорад.
Алоқа байни қарорҳои стратегӣ (стратегияи рушд, буҷетҳо), ҷараёнҳои амалкунанда ва фаъолияти мақомоти давлатӣ нокифоя аст. Амалан тартиби таъмини сиёсат ва қабули қарорҳо дар доираи қарорҳои стратегӣ вуҷуд надоранд.

пешина
аз 469
навбатӣ