Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

идоракунии муҳоҷирати беруна дар шароити имрӯза яке аз муаммоҳои муҳими идоракунӣ дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Мутобиқи СМР ба ҳайси бартарии миллӣ ислоҳоти идоракунии давлатӣ ба самти ташкили системи рушди миллӣ дар мамлакат муқаррар гардидааст, ки хусусияти он аз шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва мубориза бо коррупсия иборат аст. Бо мақсади ташкили сохтори рушди миллӣ тақвияти мавқеъ, вазифа ва иқтидори мақомоти марказии маҳаллии идоракунии давлатӣ, сафарбар намудани институтҳои ҷамъиятӣ ба ҷараёни қабул ва татбиқи ин қарорҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроия амалӣ карда мешаванд.

Муаммоҳои асосии идоракунии давлатӣ аз инҳо иборат анд:

• Мавҷуд набудани тақсимоти мушаххаси ваколатҳо, функция ва вазифаҳо, масъулиятнокӣ байни шоҳаҳои ҳокимият ва байни мақомоти иҷроия, аз ҷумла мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;

• Заиф будани механизмҳои ғайримустақими танзими давлатӣ, даҳолати аз ҳад зиёди давлат ба фаъолияти хоҷагидорӣ;

• Бо сабаби ҳавасмандӣи пасти хизматчиёни давлатӣ касбият ва самаранокии нокифояи хизмати давлатӣ;

• Сиёсати номукаммал дар самти маъмурикунонии андозбандӣ ва идоракунии молиявии давлатӣ;

• Шаффоф набудани банақшагирии буҷетӣ ва алоқамандии сусти буҷет бо бартариҳои миллӣ;

• Иқтидори маҳдуди мақомоти худидоракунӣ дар самти хизматрасониҳои сифатнок ба аҳолӣ;

• Мавҷудияти монеаҳои маъмурӣ ва дараҷаи баланди коррупсия дар мақомоти идоракунии давлатӣ.

Самаранокии нокифояи идоракунии давлатӣ

Институтҳои зерин самаранокии нокифоя доранд: дастгоҳи давлатӣ, системаи судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ. Даҳолати зиёд ба фаъолияти хоҷагидорӣ аз ҷониби мақомоти идоракунии давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ яке аз мушкилиҳои рӯзмарра гардидааст. Механизми қабули қарорҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ барои аҳолӣ мураккаб ва ношаффоф буда, механизмҳои самараноки назорати шаҳрвандӣ аз болои фаъолияти онҳо таҳия нагардидаанд, маоши пасти хизматчиёни давлатӣ дараҷаи коррупсияро баланд менамояд.

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар марҳилаи то соли 2015

пешина
аз 469
навбатӣ