Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 15. СТРАТЕГИЯИ РУШД ДАР ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
барои таҳияи барномаи дарозмуддати иҷтимоию иқтисодӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 мусоидат карда шуд. Стратегияи мазкур дар асоси мақсадҳои рушди ҳазорсола барои системакунонии раванди рушди мамлакат барои оянда бояд заминаи воқеӣ гузорад.
СМР ҳамчун ҳуҷҷати асосии стратегии мамлакат бартарӣ ва самтҳои умумии сиёсати давлатиро дар бар гирифта, барои ноил гаржидан ба дастовардҳои иқтисодӣ, осон гардонидани дастрасии аҳолӣ ба базаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва паст намудани камбизоатӣ равона гардидааст.
Бо дарназардошти таҷрибаҳои байнамилалии шабеҳ оид ба таҳия ва коркарди ҳуҷҷатҳои стратегӣ, хулосаҳои марҳилаҳои қаблии рушди мамлакат, инчунин ҳолати воқеии мавҷуда ва рушди дурнамои он СМР муносибатҳои нави таъминкунандаи рушди миллиро дар бар мегирад.
Методологияи таҳияи СМР тартиботи зеринро дорост:
• Принсипҳои рушди устувор: алоқамандии вазифаҳои иқтисодӣ, иҷ-тимоӣ ва экологӣ;
• Муносибати стратегӣ: таҳлили пешгӯиҳо ва сенарияҳо;
• Муҳокимаи васеи таҳлилӣ ва шаҳрвандӣ ва ширкат дар онҳо;
• Фазои дарозмуддати банақшагирӣ;
• Ташкили раванди стратегӣ дар мансабҳои мақомоти марказии ҳокимият, таъмини марказҳои стратегӣ бо ваколатҳои махсус.
Мувофиқи СМР-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи соли 2015 самтҳои бартаринок чунин маълум гардиданд:
-
Ислоҳоти идоракунии давлатӣ, ки барои дар мамлакат ташкил намудани системи рушди маҳаллӣ равона гардидааст. Хусусияти системаи мазкур аз шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва мубориза бо коррупсия иборат аст;
-
Рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя, ки дар тавсеаи озодиҳои иқтисодӣ, тақвияти ҳуқуқи соҳибмулкнон ва қонунгузорӣ, рушди ҳамкориҳои мутақобилаи давлат ва бахши хусусӣ асос ёфтааст;
-
Рушди иқтидори инсонӣ ба самти зиёд намудани ҳаҷм ва сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва ба даст овардани ҳадафҳои рушди ҳазорсола, фаъолгардонии иштироки аҳолӣ дар ҷараёни рушд ва тақвияти ҳамкориҳои иҷтимоӣ нигаронида шудааст.
Ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ
Мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ, ташкили хадамоти касбии муосири идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатии молиявӣ ва мукаммалгардонии маъмурикунонии андозбандӣ, рушди идоракунии маъмурию ҳудудӣ ва ташаккули идоракунии маҳаллӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор