Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Зеро ки бояд талаботи гурӯҳҳои гуногуни ҳавасмандро қонеъ гардонидан лозим меояд.
Яке аз нуқтаҳои муҳими фарқияти стратегияи давлатӣ аз бизнес-стратегия ин вақт аст. Дар раванди бизнес натиҷагириҳои бозор бо дарназардошти ҳадафрасӣ ба инобат гирифта мешаванд ва баъд аз чанд муддат қарорҳои стратегӣ барои дурнамо қабул карда мешаванд.
Боз як фарқияти бисёр ҳассос дар он аст, ки давлат ба ғайр аз дар таҳияҳои стратегӣ ширкати фаъол доштан интихоби дигар надорад, дар бизнес ва ё ташкилотҳои ғайридавлатӣ бошад, ин чиз қабул гардида, мавриди истифода қарор гирифтааст. Давлат наметавонад ҳар як воқеа ва ё ҳолатро ҳамчун воқеа ё ҳолати нодир қабул намояд. Дар бизнес ҷараёни стратегӣ бисёртар аз таҳлили имкониятҳои хусусияти ташкилидошта оғоз гардида, сипас бо мақсади ташкил намудани арзишҳои зиёд ба баррасии истифодаи онҳо дар оянда мегузаранд.
Ин ба он ҳолате дахл дорад, ки масалан, ширкате, ки як вақтҳо ба баровардани ноқил ва симҳо машғул буд, ба барориши телефонҳои мобилӣ шурӯъ мекунад (ба мисли ширкати Nokia).
Таҳияи стратегияи давлатӣ маъмулан бо пайдарҳамии мутақобила амалӣ карда мешавад. Вай аз гузоштани мақсадҳо оғоз гардида, дигар имкониятҳои иловагиро ҳамчун хатарҳои фаъолияти асосӣ баррасӣ менамояд. Аммо ҳам сиёсатмадорон ва ҳам шахсони расмӣ бештар ба ҳайси соҳибкорон амал менамоянд ва бо ҷомеа дар гуфтушунид қарор мегиранд, ки мақсадҳои онҳо метавонанд ба осонӣ тағйир ёбанд. Аз ҷониби шахсони мансабдор ҷустуҷӯи самтҳои нави фаъолият дар бештари вақт вайрон гардидани қоидаҳои қабулгардидаро мефаҳмонад.
15.2. СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мавқеъ, мақсадҳои миллӣ ва бартариҳои СМР
Менеҷменти стратегияи сатҳи давлатӣ дар шаклҳои гуногун дар 106 мамлакати аъзои СММ татбиқ карда мешавад. Бо ташаббус ва тавсияҳои корбарии СММ Стратегияи рушди миллӣ дар 23 мамлакат (аз 24 мамлакат)-и аъзои ОЭСР омода ва самараноқ татбиқ шуда истодааст. Тоҷикистон низ ба гурӯҳи ташаббускор дохил аст.
Давлат ҳамчун воситаи гузариш аз як марҳилаи рушди рақобатнок ва ба дигар марҳила маҳсуб мегардад, ки стратегия ба ҳайси чорчӯбаи ин гузариш амал мекунад.
Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд дохил гардид. Бо мақсади таш-кили заминаи рушди мамлакат аз ҷониби Президенти ҶТ дар соли 2005

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор