Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 15. СТРАТЕГИЯИ РУШД ДАР ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
Дар фаъолияти самараноки идоракунӣ мавқеи махсус дорад. Самаранокии идоракунии стратегии давлатӣ бевосита аз дараҷаи малакаи мутахассисони касбӣ, таҷрибаи идоракунӣ, сифатҳои корбарӣ ва инфиродӣ вобаста аст, ки иҷрои вазифаҳои дар пешгузошташударо таъмин менамоянд.
Захираҳои иттилоотии системаи стратегии идоракунии давлатӣ бо сабаби бартаринок будани худи иттилоот аҳамияти махсус доранд. Иттилоот дар омода намудан ва татбиқи қарорҳои стратегии давлатӣ мавқеи муҳим дорад. Ҷустуҷӯ, дастрас намудан ва нигоҳдории иттилооти зарурӣ вақт, қувва, мутахассисон, ташкили инфрасохтори зарурӣ ва маблағҳоро тақозо менамояд, инчунин бояд мутахассисон барои кор кардан ба системаи иттилоотӣ малакаи касбӣ дошта бошанд.
Меъёрҳои прагматикӣ самаранокии амалигардонии ҳокимияти давлатиро дар асоси баҳодиҳӣ аз рӯи схемаи «ҳароҷот - натиҷа» дар бар мегирад. Натиҷаҳои ба даст овардашудаи ҳадди ақал дар мавриди истифодаи минималии захираи мавҷуда аз татбиқи самараноки стратегия шаҳодат медиҳад.
Мақсаднокии меъёрҳо бо дарназардошти баҳодиҳии натиҷаи мақсадҳои гузошташудаи қарорҳои идоракунӣ ва вазифаҳо, инчунин дар ин замина пешниҳод намудани тавсияҳои судманд нисбати фаъолияти идоракунӣ асос меёбанд.
Меъёрҳои пурарзиши самаранок баҳодиҳии самараноки идоракунии стратегияи давлатӣ дар асоси меъёрҳои муқарраргардидаи натиҷагириҳо, мувофиқатӣ бо натиҷаҳои дар ҷараёни иҷрои қарорҳо ба даст овардаро дар бар мегирад. Онҳо арзиши давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳуҷҷатнигории асосии давлатӣ ворид гардидаанд.
Махсусиятҳои менеҷменти стратегӣ дар идоракунии давлатӣ
Дар солҳои охир тағйироти модели менеҷмент дар сохтори давлатӣ ба назар мерасанд ва онҳо бо тағйироти менеҷмент дар ташкилотҳои тиҷоратӣ мувофиқат мекунанд. Новобаста ба хусусиятҳои умумии фаъолияти стратегӣ, мақомоти давлатӣ бо мушкилиҳои дигари принсипиалии бештар рӯ ба рӯ мешаванд. Стратегияи идоракунии давлатӣ барои ба даст овардани бартариҳои рақобат барои ташкилотҳои давлатӣ нигаронида нашудааст, гарчанде ки рақобат бо дигар шаклҳои моликият барои ба даст овардани захираҳо аҳамияти муҳим дорад.
Идоракунии давлатӣ бо маҳдудиятҳои махсусгардонидашуда, аз ҷумла афкори омма ва ё имконияти баланд бардоштани андозҳо сару кор дорад. Идоракунии самараноки давлатӣ метавонад омилҳои қонунгузорӣ, андозҳо ва танзими онҳоро истифода намояд. Чун қоида, дар ҷараёни идоракунии стратегияи давлатӣ мақсадҳои зиёд ба роҳбарӣ гирифта шуда, фаъолият дар муҳити нисбатан тағйирёбандаи мураккаб амалӣ мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор