Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
- Ислоҳоти саривақтии институтҳои иҷтимоӣ бо дарназардошти институти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ (бо кадом тарз ва маблағҳо?)
Идоракунии стратегии давлатӣ дар худ маҷмӯи чорабиниҳоро ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои бӯҳронӣ инъикос менамояд, ки дар натиҷаи тағйир ёфтани ҳадаф ва афкори хусусияти шахсидоштаи фаъолияти инфиродӣ ва коллективӣ ба амал меоянд.
Мақомоти ҳокимияти давлатии сатҳҳои гуногун воситаҳои татбиқи идоракунии стратегии давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Муҳтавои фаъолияти онҳо аз таҳияи чорабиниҳои зарурӣ нисбати бартараф намудани вазъияти зиддибӯҳронӣ иборат аст. Ба онҳо дохил мешаванд:
• Дар амал татбиқ намудани банақшагирии идоракунии давлатӣ;
• Қабули қарорҳои стратегӣ ҷиҳати иваз гардидани самти идоракунӣ ва таҷдиди мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ;
• Роҳбарӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳибмалака барои амалӣ намудани идоракунии зиддибӯҳронӣ;
• Сафарбар намудани аҳолӣ барои бартараф намудани вазъи бӯҳронӣ;
• Роҳбарии мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҷараёни татбиқи барномаи зиддибӯҳронӣ.
Идоракунии стратегии давлатӣ мақсади асосии фаъолияти амалии роҳбарияти воломақоми давлатӣ ба шумор рафта, барои омодагии мамлакат ҷиҳати бартараф намудани ҳолати бӯҳронӣ дар ояндаи наздик ва марҳилаи дурнамо мусоидат менамояд.
Фаъолияти системаи идоракунии стратегии давлатӣ дар истифодаи захираҳои гуногун, ки заминаи татбиқи қарорҳои қабулшудаи стратегӣ ба шумор мераванд, асос меёбад. Дар байни захираҳо навъҳои зеринро қайд кардан мумкин аст:
- ҳуқуқӣ;
- ташкилӣ;
- кадрӣ;
- иттилоотӣ.
Захираҳои ҳуқуқии идоракунии стратегии давлатӣ барои ба танзим даровардани фаъолияти мақомоти давлатӣ хизмат мекунанд.
Захираҳои ташкилии идоракунии стратегии давлатӣ бо ҷузъҳои устувор муайян мегарданд. Ин ҷузъҳо сохтори захираҳои ташкилӣ ва хусусиятҳои онҳоро муайян менамоянд.
Захираҳои кадрии системаи идоракунии стратегии давлатӣ бо дарназардошти воридшавии давлат ба марҳилаи баъдисаноатии марҳилаи рушд аҳамияти махсусро касб менамояд. Дастгоҳи идоракунии давлатӣ дар таъ-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор