Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
давлатӣ дар ҳудуди салоҳият ва ваколатҳои худ қарорҳои стратегиро қабул менамояд. Алоқаи бевосита байни субъект ва объектҳои стратегӣ дар асоси ташкил ва амалсозии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад, ки татбиқи қарорҳои стратегию маъмуриро таъмин месозад.
Стратегияи идоракунии давлатӣ дар алоқамандии мутақобила бо тактика ва идоракунии оперативӣ қарор дорад. Нисбати онҳо стратегияи идоракунии стратегияи давлатӣ аз ҳама пешбар ба ҳисоб меравад, зеро ки маҳз ин стратегия мақсади умумии фаъолиятҳо, қувваҳо, воситаҳо ва механизмҳои ҳалли вазифаҳои зиддибуҳрониро муайян месозад.
Ҳолати тактикии идоракунии давлатӣ мақсадҳои идоракунии оперативӣ дар бар мегиранд, ки дар навбати худ онҳо аз мақсадҳои идоракунии стратегияи давлатӣ бармеоянд. Дар ин замина алоқаи барномаҳои мақсадноки идоракунии давлатиро дар асоси омилҳои зерин ташкил намудан мумкин аст:
Пешгӯӣ ва мониторинги худтагирбӯии рафтори коллективӣ ва алоқамандии иҷтимоӣ барои ояндаи дур.
Пешгӯӣ ва мониторинги омилҳои иҷтимоию маданӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти иҷтимоӣ ва маданӣ барои ояндаи дур.
Дар сохтори барномавии идоракунӣ стратегия нишондиҳандаи мушаххаси ташкилӣ ва иқтисодӣ ба шумор меравад, ки шакли фаъолиятро дар ҳар як соҳаи иҷтимоию маданӣ муайян менамояд. Дар ҷараёни татбиқи онҳо имкониятҳои моддӣ ва тартиби ахлоқӣ, ки қувваи асосӣ ва захираи стратегияро ташкил медиҳанд, тағйир меёбанд.
Натиҷаи стратегияи идоракунии давлатӣ аз таҳияи асосҳои умумии истифодаи намуди захираҳо, ҳамоҳангсозии шаклҳои гуногун ва шакли фаъолият иборат аст, ки бо мақсади тақвият додани иқтидори давлат ва пешрафти халқи он амалӣ карда мешавад.
Мундариҷаи стратегияи идоракунии давлатӣ бо системаи вазифаҳои алоқаманд бо масъалаҳои асосӣ муайян гардида, 6 гурӯҳ (кластерҳо)-ро ташкил менамояд:
-
Муайян намудани давраҳои марҳилавӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолият (кай?, дар куҷо? ва барои чӣ?);
-
Муайян намудани мақсадҳои муҳими иҷтимоию маданӣ (барои чӣ?);
-
Муайян намудани захираҳои инсонӣ, табиӣ, моддию техникӣ, истеҳсолӣ, молиявӣ, геополитикӣ (бо кӣ?, бо чӣ?);
-
Коркарди асосҳои таъминоти моддии аҳолӣ (ба кадом миқдор ва сифат?);
-
Омода намудани мутахассисони соҳибмалака (бо кадом хароҷот ва нархҳо?);

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор