Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
15.1. ТАШАККУЛ ВА МАХСУСИЯТҲОИ ИДОРАКУНИИ
СТРАТЕГИИ ДАВЛАТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Сохтори идоракунии стратегии давлатӣ
Сохтори идоракунии стратегии давлатӣ якҷоягии субъект ва объектҳои идоракунии стратегии давлатӣ, алоқаҳои бевосита ва мутақобила байни онҳо, дониш ва ғояҳо, функцияҳо, мақомоти сохторӣ ва институтҳо, муносибати субъект ва объект, меъёр ва анъанаҳо ба шумор мераванд, ки асоси алоқамандии якдигари онҳо мебошанд.
Стратегияи давлат ин муайянкунандаи самти тағйироти тавозуни қувваҳои иҷтимоӣ дар марҳилаи муайяни инкишофи таърихӣ мебошад.
Дар заминаи вазифаҳои стратегияи давлат тартиботи ҷамъиятиро нигоҳ медорад, фаъолияти шаҳрвандонро танзим менамояд, барои рушди ташаббусҳои фардӣ шароити мусоид фароҳам меорад, бехатарии қонуниро таъмин месозад, барои рушди тамоулҳои ахлоқи иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Агар стратегияи давлат халқи онро ба устуворӣ, рушд, шукуфоӣ оварда тавонад, пас онро ҳамчун стратегияи миллӣ ҳисобидан мумкин аст, дар акси ҳол стратегияи зиддимиллӣ маҳсуб мегардад.
Стратегияи иқтисодии давлат бартариҳои табдилдиҳӣ ва ҷузъҳои дахолати давлат ба иқтисодиёт барои татбиқи стратегияи сиёсии он муайян менамояд. Принсипҳои дахолати давлатӣ ба иқтисодиёт бо мақсади татбиқи вазифаҳои стратегии он дар марҳилаи ҳозира сиёсати иқтисодии онро мушаххас мегардонад.
Дар системаи идоракунии стратегии давлатӣ ба сифати ҷузъҳои таркибии он объект ва субъекти идоракунии стратегии давлатӣ, мақсадҳо, функсияҳо, мақомоти сохторӣ ва институтҳо, муносибати субъект ва объект, меъёр ва амалҳои идоракунӣ дохил мешаванд. Фаъолияти системаи идоракунии стратегии давлатӣ ва қарорҳои вазифаҳои идоракунӣ ба амалӣ намудани идоракунии стратегӣ аз ҷониби онҳо, амалӣ намудани ҳокимияти сиёсӣ итоат менамояд, ки барои қарори қонунҳо бартарӣ дорад.
Мақомот ва институтҳои ҳокимияти давлатӣ, ки барои қабул ва татбиқи қарорҳои дарозмуддати идоракунӣ ҳуқуқ доранд ва ба онҳо таъсири идоракунӣ расонида, ҳавасмандиҳои ҷамъиятӣ ва давлатиро ба миён меоранд, ба ҳайси субъектҳои идоракунии давлатӣ баромад менамоянд.
Объекти идоракунии стратегии давлатӣ ҷониберо инъикос месозад, ки таъсири идоракуниро аз сар мегузаронад.
Байни субъект ва объектҳои идоракунии стратегии давлатӣ алоқаҳои
бевосита ва мутақобила вуҷуд дорад. Субъекти идоракунии стратегии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор